CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

Criminal Summaries

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  37
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  86
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  401
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Events in customs

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  351
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  412
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1872
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1756
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4353
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Сlimate

Calendar

October 2017
21
Saturday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday1630
mod_vvisit_counterYesterday8579
mod_vvisit_counterThis week43674
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days2170899

 

 

 

Official publication of Customs service

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Moscow

Ошкор ва пешгирии боз як «Долун»-и дигари ҶДММ «Сармад 2000»-ум бо вазни 23 тонна

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кочоқи боз 23 тонна молҳои ниёзи мардумро дар ҶДММ «Сармад 2000»-ум ошкор карданд.

Ин миқдор мол маблағи 1 миллиону 125 ҳазору 97 сомониро ташкил медиҳад.

 

 

 

Шаҳрванд Қаҳҳоров Абдуҷалил Қӯчқорбоевич сокини шаҳри Душанбе, воситаи автомашинаи боркаши тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиаш 90 72 АР 01 бо ядакаш 397 РС аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо 36 номгӯйи молу маҳсулотҳои ниёзи мардум, таҷҳизоти техникӣ, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳои боркашонӣ ва ғайраро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

 

 

 

Номбурда дар асоси ваколатномаи таҳти №3в-2-592 аз 27–уми феврали соли 2017 ҳамчун намояндаи ҶДММ «Сармад 2000»-ум фаъолият карда, бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ва бо роҳи фиребгарона дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ (инвойс) як номгӯйи молро нишон додааст, ки масолеҳи сохтмонии қошин (кафел) ба миқдори 1020 ҷой бо вазни умумии 23 ҳазор килограмм буда, бо декларатсияи транзити дохила №762415/230917/0002386 дар дидбонгоҳи гумрукии «Кулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тартиб дода шудааст. Қаҳҳоров аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиреб ва истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тариқи қочоқ молро ба ҳудуди кишвар ворид кардааст. Чун қаблан аз руйи схемаи қаллобӣ ва пинҳон кардани кирдори худ автомашинаи мазкурро бо борҳояш таҳвили ҳаракати молро иваз намудаааст.

 

 

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулотҳои тариқи қочоқ ворид намудаи Қаҳҳоров А Қ. ва дигарон маблағи умумии 1 миллиону 125 ҳазору 97 сомониро ташкил медиҳад.

Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои Қаҳҳоров А Қ, ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, моддаҳои 140, 145, 146, 148, 161, 162 ва 168-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, нисбат ба намояндаи Ҷамъияти дорои масъулиятиш маҳдуди «Сармад 2000»-ум Қаҳҳоров Абдуҷалил ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2-и Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships