ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Криминальные Сводки

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  37
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  86
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  401
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...
Боздошти маҳсулоти қанодии “DOLLY” - и Ӯзбекистон дар Ҷаббор Расулов

12.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  404
Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Ошкор ва пешгирии боз як «Долун»-и дигари ҶДММ «Сармад 2000»-ум бо вазни 23 тонна

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  613
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Joomla! Україна

События в таможенном

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  352
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  412
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Пресс-конференсия

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1872
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1756
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4353
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Joomla! Україна

Прогноз погоды

Календарь

Октябрь 2017
21
Суббота
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня1633
mod_vvisit_counterYesterday8579
mod_vvisit_counterВчера43677
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе2170902

 

 

 

Официальное издание Таможенной службы

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, Ассосиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ се мавзӯи муҳим:

1.Татбиқи қарорҳои дахлдори Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Истифодаи системаи идораи таваккал дар мақомоти гумрук, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

 

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед доир ба фаъолияти мақомоти гумрук ва Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ маърӯза кард. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Мақсади Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, ин пеш аз ҳама мусоидат намудан дар асоси ҳамкории конструктивии мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомотҳои ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат дохил карда шудаанд.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) оид ба соддагардонии расмиёти савдо, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо таъсис дода шудааст. Мо имкон дорем, ки таклифҳои дар Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ пешниҳодшударо ба Кумитаи мазкур манзур намоем.

Тибқи банди 35-и Низомнома дар бораи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ ҷаласаҳои Шӯро ба қадри зарурат, мунтазам бояд гузаронида шаванд.

Айни замон, фурсати муносиб пайдо шудааст, ки вохуриҳо мунтазам гузаронида шуда, масъалаҳои пайдошуда мавриди таҳлил, баррасӣ ва хулосабарории зарурӣ қарор дода шаванд.

 

 

Сипас дар машварат Розиев Саидҷаъфар, директори КВД “Маркази Равзанаи ягона” – и назди Хадамоти гумрук ба сухан баромада, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади рафъи норасоиҳо дар ташкили фаъолияти дастҷамъонаи самаранок зимни анҷом додани назорати гумрукӣ, фитосанитарӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорат ҳангоми интиқоли молҳо, аз ҷумла маҳсулоти озуқа тавассути сарҳади гумрукӣ, Қоидаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назораткунандаи гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипи «Истгоҳи ягона», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 - юми июли соли 2014 №436 тасдиқ гардидаанд, такмил дода мешаванд.

 

 

Таҳия намудани Стратегияи идоракунии таваккалҳо ва системаи чораҳои баҳодиҳии таваккалҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо дар бораи соддагардонии расмиёти савдо.

Лоиҳаи Қонун оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба моддаи 68 Кодекси гумрук бо мақсади татбиқи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонии мафҳуми «Оператори ваколатдори иқтисодӣ» - ибрози назар кард.

 

 

Инчунин намояндаи Ассотсиатсияи брокерон Фирӯза Маҳмудова бахшидани як шумораи маҷаллаи соҳавии “Гумрук” барои соҳибкорон, доир намудани семенар ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши гумрукчиёни ҷавон оид ба муайян намудани арзиши гумрукии мол, шароит фароҳам овардан барои ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш дар дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ ва дохилӣ, омӯзиши технологияи навин барои гумрукчиёни ҷавон, ки дар “Майдони ҳавоӣ” фаъолият мекунанд, пешниҳод намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти гумрук дастгирӣ ёфт.

Содиқов Ризо, намояндаи Палатаи савдо ва саноат Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки барои дастгирии соҳибкорон ситонидани хироҷи дукаратаи гумрукӣ берун аз вақти кории мақомоти гумрук ва дар рӯзҳои истироҳат аз нав дида баромада шавад.

 

 

Бояд гуфт, ки Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Низомномаи Хадамоти гумрук, Низомнома ва регламенти кории Шӯро ба роҳ мемонад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры