ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Апрел 2018
25
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1371
mod_vvisit_counterДирӯз3187
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6750
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3008295

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

РМГ Хатлон фаъолияти нуҳ моҳаро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст кард

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҷилавгирӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, интиқоли ғайриқонунии маводҳои мухаддир, молҳои зераксизӣ ва ғайраҳо имконият медиҳанд, ки сатҳӣ содиршавии қонунвайронкуниҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ коҳиш ёбанд.

Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2017-ум ба миқдори 317 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 3 - адад ҳолати ҷиноят ва 314 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи гумрук мебошад. Нисбати ҳолатҳои ошкоршуда, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 410 ҳазору 686 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар нуҳ моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 5 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Аз Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозшуда 279 адад нисбати шахсони воқеӣ ва 35 адад нисбати шахсони ҳуқукӣ мебошанд.

 

 

Дар натиҷаи пурзӯр намудани назорати гумрукӣ нисбати гардиши ғайриқонунии молҳои зераксизии тамоку парвандаҳои ҳуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, бо ҳалномаи суди ноҳияи Ҷайҳун ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. Инчунин, ҷиҳати гирифтани хулосаи коршинос нисбати 3 ҳолати боздошти китобҳои мазмуни динидошта, ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, бинобар сабабҳои мавҷудияти хатогиҳои зиёди имлоӣ ва паҳн нагардидани онҳо дар байни аҳолӣ, китобҳои мазкур дар бойгонии Кумитаи зикршуда маҳфуз нигоҳ дошта шудааст.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №464 аз 12-уми апрели соли 1996 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазирии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар» низ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда, дар нуҳ моҳи соли 2017 дар Раёсат 2 ҳолати ҷиноят оид ба гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар ошкор карда шуд. Чунончӣ, санаи 2-юми феврали соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, шаҳрванд С.Д. истиқоматкунандаи шаҳри Қурғонтеппа, ҳангоми ба шаҳрванд Ю.Ш. сокини ноҳияи Вахш, ҷамоати “Тоҷикобод” додани бастаи халтаи полиэтилении шубҳанок дастгир карда шуданд. Дар рафти муоинаи шахсии шаҳрванд С.Д. аз дохили кисаи чапи курткаи дар тан доштааш, як адад бастаи халтаи полиэтилении рангаш сиёҳ, ки дар дохили он маводи хамирмонанди рангаш қаҳваранги буйи ғализдошта, монанд ба маводи мухаддири навъи афъюн дарёфт карда, гирифта шуд.

 

 

Тибқи маълумотномаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маводи гирифташуда маводи нашъадори афъюн буда, вазни холиси он 58,3 граммро ташкил медиҳад.

Оид ба ҳолати мазкур дар асоси қисми 1-и моддаи 201 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба шаҳрвандон С.Д. ва Ю.Ш. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.

Ҳамзамон, санаи 21-уми феврали соли 2017 дар гумруки “Панҷи Поён” ҳангоми азназаргузаронии гумрукии бағоҷи дастии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷамшеди Носир сокини вилояти Ҳирот, маводи нашъадори писхотропии навъи «Метамфетамин» гирифта шуд, ки номбурда мехост бо истифода аз ҷомадони махсус тайёркардашуда онро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.

Мувофики хулосаи ташхиси лабаратории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  маводи гирифташуда навъи психотропии «Метамфетамин» буда, вазни холиси он 3 килограмму 905 граммро ташкил медиҳад.

Нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷамшеди Носир бо дастрасии қисми 4, банди «б»-и моддаи 200 ва қисми 3-и моддаи 289, банди «г» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шудааст.

20-уми июли соли 2017 бошад, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд Т.И. сокини ноҳияи Вахш, ҷамоати Тоҷикобод, бо моддаи 200, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ирсол карда шудааст, ки номбурда мехост маводи сахттаъсири навъи “Диазепам”-ро ба миқдори 7 ҳазору 500 ампула (75 грамм Диазепам) ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН