ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Пешгирии воридоти ғайриқонунии ангишт аз Қирғизистон

20.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  120
Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми...
Боздошти ашёи истифодашуда ва нав дар нақлиётҳои тамғаи "Даф"

16.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  151
Ҳангоми амали намудани назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и гумруки...
Пешгирии воридоти ғайриқонунии пиёз бо “Мерседес-Бенс”

13.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  336
Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд,...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  262
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  876
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  870
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2341
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2166
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4867
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Ноябр 2017
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2896
mod_vvisit_counterДирӯз4386
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта11482
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2372290

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Ҷаласаи васеи ҳайати Мушовара дар Хадамоти гумрук

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати Мушовара баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи васеи ҳайати Мушовараи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти гумрук генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб, Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон, муовинони сардори Хадамот гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Сайдализода Сӯҳроб Қурбон, Турсунзода Азим Ҳайдар, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои минтақавии гумрукии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

 

 

Ҷаласаро сардори Хадамоти гумрук ҳусни оғоз бахшида, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти гумрук дар давраи нуҳ моҳи соли 2017 суханронӣ намуд.

 

 

Сипас муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо ахбори мухтасар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нуҳ моҳи соли 2017 дар назди ҳозирин маърӯза кард.

 

 

Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои минтақавии гумрукии Хадамоти гумрук оид ба фаъолияти нуҳ моҳаи соли 2017, шунида шуд.

 

 

 

Ахбороти мухтассар
оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нуҳ моҳи соли 2017

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, дар давраи нуҳ моҳи соли 2017 корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Мувофиқи маълумоти омории мақомоти гумрук, гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2017 дар маҷмӯъ маблағи 2 610,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2850,8 млн. долл.) ба маблағи 240,5 млн. доллари ИМА ё ба андозаи 8% кам мебошад.

Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 1 996,7 млн. доллари ИМА (соли гузашта 2 223,5 млн. долл.) ба воридот ва 643,6 млн. доллари ИМА (соли гузашта 627,3 млн. долл.) ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 воридот ба маблағи 256,8 млн. доллари ИМА ё ба андозаи 12,0% коҳиш ёфта, содирот бошад ба маблағи 16,3 млн. доллари ИМА ё 3,0% афзоиш ёфтааст.

Омӯзиш ва таҳлили гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки дар нуҳ моҳи соли 2017 бинобар сабаби идома ёфтани ноустувории вазъияти молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва вазъияти сиёсӣ дар як қатор давлатҳои шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, инчунин, бо сабаби ба роҳ мондани истеҳсоли як қатор молҳо дар дохили ҷумҳурӣ, талабот ба воридоти баъзе намуди молу маҳсулот кам гардидааст ва дар ин замина, гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба андозаи 8,0% коҳиш ёфтааст.

Фаъолият дар самти ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017" ва нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи нуҳ моҳи соли 2017 нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 3285,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 3085,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин ба 93,9 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Иҷрои нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ аз ҷониби Раёсати минтақавии гумрукӣ (РМГ) дар шаҳри Душанбе ба андозаи 80,6 фоиз ё ба маблағи 132,7 млн. сомонӣ кам, РМГ дар шаҳри Турсунзода 91,6 фоиз ё ба маблағи 36,8 млн. сомонӣ кам, РМГ дар вилояти Суғд 98,3 фоиз ё ба маблағи 33,8 млн. сомонӣ кам, РМГ дар вилояти Хатлон 94,6 фоиз ё ба маблағи 8,8 млн. сомонӣ кам ва аз ҷониби РМГ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,0 фоиз ё ба маблағи 0,3 млн. сомонӣ зиёд, таъмин карда шудааст.

Бояд дарҷ намуд, ки маблағи ҷамъоваринамудаи пардохтҳои гумрукӣ дар нуҳ моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 391,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Таҳлил ва муқоисаи маълумоти оморӣ дар самти гардиши тиҷорати хориҷӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ нишон медиҳад, ки сабаби асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар нуҳ моҳи соли 2017, ин коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ, махсусан коҳишёбии воридоти моли андозбандишаванда, мебошад.

Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ, дар нуҳ моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 гардиши тиҷорати хориҷии кишвар ба маблағи 240,5 млн. доллари ИМА ё 8,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, воридоти мол ба маблағи 256,8 млн. доллари ИМА ё 12,0 фоиз кам гардида, содироти мол ба маблағи 16,3 млн. доллари ИМА ё ба андозаи 3,0 фоиз зиёд гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари коҳишёбии ҳаҷми моли воридотӣ, инчунин тағйирёбии нархи молу ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ, махсусан номуназзамии нархи маҳсулоти нафтӣ, ба иҷроиши нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ бетаъсир намонд.

Дар нуҳ моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, нархи миёнаи як қатор молҳои воридотӣ (барои 1 тонна) аз қабили гӯшти гов ба маблағи 66 доллари ИМА, орд 85 доллар, гандум 26 доллар, маҳсулоти пластикӣ 98 доллар, маҳсулоти керамикӣ 171 доллар, маҳсулот аз резина 303 доллар, семент 11 доллар, равғани растанӣ 95 доллари ИМА ва ғайра, коҳиш ёфтааст.

Танҳо аз ҳисоби паст рафтани арзиши гумрукии молҳои дар боло қайдгардида, ба ҳисоби миёна 77,5 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет ворид нагардид, ки ин 2,3 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

Таҳлили омилҳое, ки боиси кам шудани ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурӣ гардидаанд, нишон медиҳад, ки татбиқи имтиёзҳои гумрукию андозӣ нисбат ба воридоти таҷҳизоти технологии истеҳсолӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии солҳои охир дар ин самт қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди устувори соҳибкории истеҳсолиро дар кишвар тақвият бахшид.

Озод намудани воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ, кам кардани меъёрҳои боҷи гумрукии ашёи хоми барои истеҳсоли маҳсулот воридшаванда ва зиёд намудани меъёрҳои боҷи гумрукӣ барои воридоти як қатор молу маҳсулоти истеҳсолашон дар дохил ба роҳ мондашуда, заминаи устуворро барои рушди истеҳсоли моли ватанӣ муҳайё намуда, то андозае ниёзи бозори дохилиро аз моли хориҷӣ маҳдуд намуд ва дар натиҷа давра ба давра воридоти молҳои истеҳсолашон дар кишвар ба роҳ мондашуда аз қабили семент, ангишт, орд ва маҳсулотҳои аз орд тайёршуда, маҳсулоти либосворӣ (либоси ҳарбӣ ва мактабӣ), маҳсулоти қолинӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти ширӣ, мебел, тухм ва гушти паранда, рангҳои сохтмонӣ, маводҳо барои шустушуй, маҳсулотҳои аз асбест тайёршуда, маҳсулотҳои аз оҳан тайёршуда ва ғайра, коҳиш ёфт.

Инчунин, омили дигаре, ки ба кам гардидани ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурӣ ва иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ таъсир расонида истодааст, ин тафовути калони меъёри андозбандӣ ва то ҳол шаффоф мондани сарҳад миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад, ки чунин ҳолат, ба воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт аз самти ҳудудҳои ҳамсарҳади ҷумҳурӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мусоидат намуда истодааст;

Фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ

Дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 3274 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст. Аз миқдори умумии қонуншиканиҳо, 71 ҳолат ҷиноят буда, аз он 46 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 6 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 19 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук, марбут мебошад.

Дар натиҷаи баррасии 3203 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, 2832 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 2 980,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 4446,9 ҳазор сомонӣ ҷарима ба буҷети давлатӣ ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 2386,2 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ба қадри 19 250,5 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуда, дар натиҷа воридоти ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ ба миқдори 619800 литр, ангишт ба миқдори 1262,0 тн, нуриҳои минералӣ 358,0 тн, маҳсулоти қаннодӣ 37,0 тн, шакар 220,0 тн, лампаҳои тафсон 38324 адад, нахути сабз 1125 қуттӣ, меваи тар 133,0 тн, меваи хушк 31,0 тн, равғани растанӣ 22,0 тн, тахта 1014м3, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ 45138 дона, сӯзандору 47200 дона, таҷҳизоти қатрагузаронӣ 1500 адад, либосворӣ 58399 дона, хӯроки парранда 67,0 тн, собун 53,0 тн, бозичаҳои кӯдакона 40550 дона, тухми мурғ 587 740 дона, орд 3,0 тн, матоъ 9380 метр, техникаи маишӣ 85 дона ва ғайраҳо, ошкор карда шуданд.

Инчунин, дар натиҷаи фаъол гардонидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, дар давраи нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук дар маҷмӯъ 773 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 28,6 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуд.

Аз маблағи ошкоргардида, 12,5 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шуда, маводҳои санҷиш бо маблағи зарари молиявӣ ба андозаи 8,1 млн. сомонӣ барои чораҷӯӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда шуд.

Илова бар ин, дар ин давра, 23 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ба маблағи 86670 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Дарҷ намудан ба маврид аст, ки масъалаи пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии мол, гузаронидани муоинаи гумрукии мол, ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон ва пурзӯр намудани назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, таҳти назорати қатъии роҳбарияти Хадамот қарор дорад.

Маҳз натиҷаи чораҳои андешида буд, ки дар нуҳ моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, новобаста аз ба андозаи 8,0 фоиз коҳиш ёфтани воридоти мол, фарқияти пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда ба қадри 391,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН