ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз499
mod_vvisit_counterДирӯз6607
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта499
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3324657

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ, шаҳрванд С.Т. соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, ки аз соли 2011 ба ҳайси роҳбари ҶДММ "Файзимоҳ" фаъолият карда, бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз 20-уми сентябри соли 2017 сар карда ба воситаи автомашинаҳои боркаши тамғаи "Долун" рақами қайди давлатиашон 52 26 В А 01, 28 43 ВХ 01 ва 61 87 ВС 01 аз Ҷумҳурии Мардумии Чин молу маҳсулотҳои ниёзи мардум, таҷҳизотҳои техникӣ, либосҳои гуногун, телевизор ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумруки вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст, боздошт намуданд.

 

 

 

Ӯ, бо маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони мансабдори ваколатдор автомашинаҳои болозикршударо бе дар қайд гузоштан ва бе ҳуҷҷатҳои дахлдори воридотӣ ба воситаи дидбонгоҳи гумрукии «Кулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи қочоқ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид карда, минбаъд бо мақсади пинҳон кардани кирдори худ автомашинаҳои дарҷгардидаро бо борҳояшон ба анборҳои шахсии худ воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Кофарниҳон 78/2 барои нигоҳ доштан интиқол додааст, ки ин ҳолат ошкор ва автомашинаҳо боздошт карда шуд.

 

 

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулотҳои тариқи қочоқ ворид намудаи шаҳрванд С.Т. ва дигарон маблағи умумии 1 миллиону 632 ҳазору 754 сомониро ташкил мёдиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдонаи шаҳрванд С.Т. ва дигарон ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.

 

 

 

Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои шаҳрванд С.Т. ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, моддаҳои 140, 145, 146, : 148,161, 162 ва 168 Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, нисбати роҳбари ҶДММ "Файзимоҳ" шаҳванд С.Т. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН