ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3623
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17389
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90735
mod_vvisit_counterҲамарӯза3716373

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Қочоқи асъори хориҷӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани бағоҷ ва мусофирони хатсайри 2920 самти «Хуҷанд - Красноярск» дар толори интизории мусофирони бинои марказии Фурудгоҳи байналмилаллии «Хуҷанд» кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бағоҷ ва бори дастии шаҳрванд М.Ш.,-ро аз муоинаи гумрукӣ гузарониданд. Дар натиҷа аз дохили бори дастии номбурда 110 адад купюраи 5000 ( панҷ ҳазор) ва 4 адад купюраи 1000 ( як ҳазор) рублии Бонки давлати Федератсияи Русия, ҷамъ 554000 ( панҷсаду панҷоҳ ҳазор ) рубли Бонки давлати Федератсия Русия даёфт ва гирифта шуд.


 

Инчунин, дар рафти гузаронидани амалиёт аз бори дастии мусофири хатсайри мазкуор шаҳрванд Қ.М. ба миқдори 100 адад купюраи 5000 (панҷ ҳазор) дар маҷмуъ 500 000 ( панҷсад ҳазор) рубли Бонки Федератсияи Русия дарёфт карда гирифта шуд, ки ин миқдор маблағро қабл аз сар шудани назорати гумрукӣ шаҳрванд М.Ш., ба Қ.М., бо мақсади тариқи қочоқ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Красноярский Федератсияи Русия интиқол додан, дода буд.

 

 

Мувофиқи маълумотномаи Филиали №38-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қурби рубли русӣ дар санаи 16-уми октябри соли 2017 арзиши 1 (як) рубли Бонки давлати Федератсияи Русия баробар ба пули миллӣ 0.1499 сомониро ташкил дода, арзиши умумии он 1054000 ( як миллиону панҷову чор ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрвандон М.Ш., ва Қ.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН