ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
16
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз208
mod_vvisit_counterДирӯз5867
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18040
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90625
mod_vvisit_counterҲамарӯза3525541

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Боздошти сӯзишвории дизелии беборхат

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 25-уми октябри соли 2017, аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи нақлиётгарди шаҳри Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 5430 ВК 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Р. қарор дошт барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 25 адад зарфи ғунҷоишашон 20 литр дар маҷмӯъ ба миқдори 500 литр сузишвории дизелӣ дарёфт гардид, ки моли мазкур ба худи ронанда шаҳрванд З.Р. соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Хизтеварз тааллуқ доштааст.

 

 

 

Ҳангоми пурсиш шаҳрванд З.Р. қайд намуд, ки ин миқдор молро аз як шаҳрванди ношиноси қирғиззабон, ки моли мазкурро бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷамоати наздисарҳадии Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид намудааст.

Ҳамин тариқ, дар кирдори шаҳрванд З.Р. аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, яъне харидани моле, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, дида мешавад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд З.Р. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН