ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

ОСНОВАТЕЛЬ МИРА И НАЦИОНАЛЬНОГО ЕДИНСТВА – ЛИДЕР НАЦИИ, ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ЭМОМАЛИ РАХМОН

 

Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

 

 

 

Официальное издание Таможенной службы

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Криминальные Сводки

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  384
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани...
Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

15.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  822
Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ...
Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

13.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  531
Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо...
Қочоқи меваи хушк дар шаҳри Исфара ошкор гардид

07.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  547
Аз тарафи кормандони РМГ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Дорувории зиёди бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридотӣ ошкор гардид

05.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  646
Санаи 25 январи соли 2018 дар вақти пешбурди истеҳсолоти маълумоти...
Joomla! Україна

События в таможенном

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  399
Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди...
Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

02.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  722
2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди...
Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

01.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  704
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи...

Пресс-конференсия

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

26.01.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  769
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3527
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3290
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Joomla! Україна

Прогноз погоды

Календарь

Февраль 2018
25
Воскресенье
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня4332
mod_vvisit_counterYesterday5003
mod_vvisit_counterВчера26593
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе2758043

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайдаров ба маблағи зиёда аз 5 миллиону сомони моли қочоқ ворид намуд

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳайдаров Азизжон Нумонович соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Рӯдакӣ 98, хонаи 6, , бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, 22-юм ва 28-уми сентябри соли 2017 бо воситаи автомашинаҳои тамғаи "Долун" рақами қайди давлатиашон 47 36 00 01 ядакаш 0300АА07, 62 03 00 01 ядакаш 2248АА01, 89 96 ВХ 01 ядакаш 1607АА01, 82 19 АТ 01 ядакаш 1630АА01 ва 82 21 АТ 01 ядакаш 1593АА01 аз Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 50 номгӯйи молу маҳсулотҳои ниёзи мардум, таҷҳизотҳои техникӣ, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

 

 

Ӯ, бо роҳи фиреб дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ (инвойс) як номгӯйи молро нишон додааст, ки дар бордон ва ядаки 4 ададавтомашинаҳо ашёи хом (сырьё) ва дар як автомашинаи дигар масолеҳи сохтмонии қошин (кафель) бо вазни умумии 226 ҳазору 365 килограмм буда, бо декларатсияи бории гумрукии №762415/220917/0002380, №762415/280917/0002493 ва №762415/280917/0002492 дар дидбонгоҳи гумрукии «Кулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ тартиб дода шуда, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиреб ва истифода кардани ҳуҷҷатҳо тариқи қочоқ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид карда, минбаъд бо мақсади пинҳон кардани кирдори худ хатсайри ҳаракати молро иваз намуда, автомашинаҳоро дар ҳудуди ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон боздошта ва бе иҷозати мақомоти дахлдор дарҳои бордони онҳоро ғайриқонунӣ кушода, мехост моли дар бордони автомашинаҳо қарордоштаро пинҳонӣ, ворид намудаашро ба манфиати шахсӣ истифода намояд. Рафтори ғайриқонунии номбурда аз назари гумрукчиён пинҳон намонд ва зимни гузаронидани санҷиш ин ҳолат ошкор ва боздошт карда шуд.

 

 

 

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ба танзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулотҳои тариқи қочоқ вориднамудаи Ҳайдаров А.Н. ва дигарон маблағи умумии 5 миллиону 200 ҳазору 993 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдонаи Ҳайдаров А.Н. ва дигарон ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.

Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои Ҳайдаров А.Н. ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, моддаҳои 140, 145, 146, 148, 161, 162 ва 168 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, нисбати Ҳайдаров Азизжон Нумонович ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди парвандаи ҷиноятии мазкур ба зиммаи Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры