ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
22
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2217
mod_vvisit_counterДирӯз7287
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта37117
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3736101

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Пешгирии воридоти моли беборхати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Спитамен

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 1 – уми ноябри соли 2017 дар роҳи нақлиётгарди Спитамен воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 83 75 ВО 2 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.У. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 1000 донна моеъи саршуии намуди «Шампун» - и ғунҷоишаш 130 мл истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарёфт гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Г. соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен тааллуқ доштааст.

 

 

 

 

Ҳангоми пурсиш шаҳрванд Т.Г. қайд намуд, ки дар ҳақиқат моли мазкур ба ӯ тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молашро аз як шаҳрванди ношиноси ӯзбекзабон, ки ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ноҳияи Спитамен ворид намудааст, харидорӣ намудааст.

 

 

Ҳамин тариқ, дар кирдори шаҳрванд Т.Г. нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моддаи 579-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, дида мешавад.

Дар асоси гуфтаҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба шаҳрванд Т.Г. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН