ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
19
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз75
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5702
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3329860

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Конститутсия бахтномаи миллат

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 

Ҷамъомадро муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки: - “Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда расонд.

Бо қабули санади мазкур таъсиси Тоҷикистон ҳамчун давлати нави ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Конститутсияро бахтномаи миллат низ ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем».

 

 

Сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ қайд кард, ки Конститутсия қонуни асосии давлат, кафолатдиҳандаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муайянкунандаи шакли идоракунии давлат, сохти давлатдорӣ, тартиби ташкили ҳокимияти давлатӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ будани Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Конститутсия шаҳодатномаи миллат ва давлати соҳибистиқлол буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбуеёд ва дунявӣ эълон намуд ва дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ мамлакат ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок хотима бахшид.

Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеъа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсиси доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.

Мутобиқи моддаи 10-уми Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомотҳои он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияи онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Дар қонститутсияи амалкунанда , яке аз бобҳои калонтарини он ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ин шаҳодати он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандон қарор мегирад. Пас, вазифаи мо ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқ аз он иборат аст, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриамонро қатъиян риоя намоем.

Мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намояд ва имрӯз бошад, аз қабули ин санади сарнавиштсоз 23 сол сипарӣ мегардад.

Вобаста ба пешрафт ва пайдо гардидани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар кишвар зарурият ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонститутсия ба миён омад. Ҳамин тариқ, ба Конститутсияи амалкунандаи кишвар се маротиба солҳои 1999-2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умуммихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Дар соли 2016-ум ба 36 моддаи Конститутсия тағйирот ворид гардид, ки ин амри зарурӣ буд. Аз он ҷумла, дар моддаи аввал муайян карда шуд, ки шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии Президентӣ мебошад ва даҳҳо тағйиротҳои муҳими дигарро метавон ёдовар шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлату миллати тоҷик ҳамчун қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ санадест, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян менамояд.

Ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар таърихи навини кишварамон руйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.

Мо, тоҷикон бо итминони комил ифтихор аз он дорем, ки бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро дар фазои худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамоем.

Эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар таъмини волоияти қонун кафолат ва шарти аввалиндараҷаи субботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадони мо мебошад. Аз ин лиҳоз, барои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвари моро зарур аст, ки дар фаъолияти худ танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо тобеъ бошем.

Инчунин, муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Б.С., ва нозири калони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Ансорӣ дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба ин санади сарнавиштсози миллат ибрози назар намуданд.

 

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН