CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

September 2018
23
Sunday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday2773
mod_vvisit_counterYesterday7393
mod_vvisit_counterThis week50532
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days3744050

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 

Пешгирии воридоти ғайриқонунии мол ба маблағи 455 ҳазору 783 сомонӣ дар роҳи автомобилгарди «Истаравшан-Хуҷанд»

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз тарафи кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд санаи 7-уми октябри соли 2017 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи автомобилгарди «Истаравшан-Хуҷанд» наздикии маҳаллаи Ғаламайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи Камаз-53212 рақами қайди давлатиаш 5497 АО 02 таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон У.М. барои муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумруки муайян гардид, ки дар бордони нақлиёти мазкур молҳои гуногуни хоҷагӣ аз ҷумла: чархҳо барои буридани оҳан 57 ҳазору 650 адад, масолеҳи сохтмонии сангӣ 180 адад, қубури рахдори резинӣ 27 ҳазору 400 метр, қуборчаи резинӣ барои газ 13 ҳазору 250 метр, таҷҳизоти барқӣ 31 ҳазору 850 дона, мех-дюбл 691 килограмм, сепаратор 98 дона ва зарфҳои обҷӯшонак 3 ҳазор дона дарёфт карда шуд.

 

 

 

 

 

Маълум гардид, ки шаҳрванд Н.Ҳ. ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст. Тибқи маълумотномаи ташхиси коршиносон арзиши умумии молҳо дар маҷмӯъ 455 ҳазору 783 сомонию 80 дирамро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Н.Ҳ. бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships