CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

June 2018
20
Wednesday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday5636
mod_vvisit_counterYesterday7282
mod_vvisit_counterThis week18545
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days3342703

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 

Боздошти ашёи истифодашуда ва нав дар нақлиётҳои тамғаи "Даф"

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҳангоми амали намудани назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и гумруки Исфара шаҳрванд К.Ш. барои ворид намудани молҳои хоҷагии пеш мавриди истифода қарор дошта тавассуги нақлиётҳои тамғаи "Даф" рақами қайди давлатиашон 09 KG 822 AA G ядаки он 024 ВТ ва В 9708 AZ, ядак он 615BW ба гумрук муроҷиат карданд.

Тибқи дархости онҳо эъломияҳои гумруки №762221/161017/0005160 ва №762221/161017/0005160 тартиб дода шуд. Ҳангоми пурсиш шаҳрванд К.Ш. аз мақомоти гумрук молҳои ба мақсади тиҷорат ворид кардаашро дар зери молҳои қаблан истифодашуда пинҳон намуда бо ин мақсад мехост ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид намояд.

 

 

 

 

Ҳангоми азназаргузаронии бордони нақлиётҳои мазкур муайян карда шуд, ки дар зери молҳои хоҷаги қаблан истифодашуда инчунин молҳои нав бо мақсади тиҷорат мавҷуданд. Аз он ҷумла: ба миқдори 450 адад болишт, ба миқдори 1 ҳазору 150 ҷуфт пойафзол, ба миқдори умумии 109 адад печка, молҳо барои оташхомушкунӣ ба миқдори умумии 558 адад, ба миқдори умумии 3 ҳазору 128 адад маводҳои гуногун барои дандонпизишкӣ, ба миқдори 90 адад ҷойпӯш, ба миқдори 18 адад сачоқ, ба миқдори 60 қуттӣ ангишти чилим, ба миқдори 124 адад қисмҳои эҳтиётии автомашина, ба миқдори 195 адад хуроки парзишӣ, ба миқдори 60 килограмм каҳва, 3 адад вентилятор, 1 адад кондитсионер, 2 адад обгармкунак ва 2 адад дучарха дарёфт карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд К.Ш. тааллуқ дошта, номбурда мехост ин миқдор молҳои нави дар боло зикршударо пинҳонӣ, бидуни назорати гумрукӣ ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.

 

 

Тибқи хулосаи коршиносони соҳа арзиши умумии ин миқдор мол 305 ҳазору 885 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд К.Ш парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 кисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Исфара фиристонида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships