ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
20
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5648
mod_vvisit_counterДирӯз7282
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18557
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3342715

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамӣ Зикриё Иномзод ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 

 

Ҷамъомадро муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки: - “Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад”.

Доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамӣ Зикриё Иномзод дар навбати худ қайд кард, ки Парчам аз зумраи рамзҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

 

 

Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам дар тӯли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта, он дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст ва аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода шудааст. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, Парчами Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт ва пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод карданд ва Парчами давлати тоҷик, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни пешазисломӣ ва баъдиисломии мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.

 

 

Эҳтироми муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо, насли имрӯзаи миллат барои дар руҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Инчунин, муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад, ба сухан баромада, доир ба ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН