ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз759
mod_vvisit_counterДирӯз5418
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта22918
mod_vvisit_counterДар ин моҳ83109
mod_vvisit_counterҲамарӯза3369940

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти минтақавии назорати моддаҳои кимиёвӣ-1

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Рӯзҳои 21-22-уми ноябри соли 2017 бо ибтикори давлатҳои ширкаткунандаи Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук (WCO) дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон “Ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти минтақавии назорати моддаҳои кимиёвӣ-1» доир гардид.

Ҷаласаи мазкур, ки дар толори Маркази минтақавии рушди институтсионалии Созмони Умумиҷаҳонии Гумруки шаҳри Боку баргузор гардид, намояндагони Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо Ашита Миттал ва Батир Гелдиев, намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, намояндагони давлатҳои – аъзо ва Раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон Айдин Алиев, инчунин намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Гурҷистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба ҳам овард.

 

 

 

Дар назди ҳозирин намояндаи Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо Ашита Миттал, Батир Гелдиев, намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук Дирк Де Ланге, муовини директори Маркази минтақавии рушди институтсионалии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар шаҳри Боку Айдын Имашев суханронӣ намуда, моҳияти ҷаласаи мазкурро ба самъи иштирокдорон расониданд.

Инчунин, дар доираи талаботи барномаи ҷаласаи мазкур намояндагони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон маърӯза - муаррифиҳо пешниҳод намуданд.

Оид ба рафти амалиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои бадастомада сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамова Замира бо муаррифӣ дар мавзӯи «Амалиёти минтақавӣ оид ба назорати моддаҳои кимиёвӣ-1” дар доираи Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук (WCO)» баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд.

 

 

Ҳамчунин дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз ҷумла «Таҷриба ва дарсҳои аз амалиёти минтақавӣ бадастомада», «Мисолҳои амалии амалиётҳои минтақавии Барномаи ҳамлу нақли контейнерҳо ва «Бағоҷи варзишӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби намояндагони кишварҳои аъзои Барномаи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо барои амалиёти минбаъда тавсияҳо пешниҳод гардид.

Дар интиҳои ҷаласа ба иштирокчиёни сертификатҳо супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар кори ҷаласа сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамова Замара ва ваколатдори калони оперативии шуъбаи оперативию ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Асламҷонзода иштирок намуданд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН