CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

 

 

 

 

Official publication of Customs service

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Criminal Summaries

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  384
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани...
Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

15.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  822
Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ...
Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

13.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  531
Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо...

Events in customs

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  399
Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди...
Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

02.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  722
2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди...
Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

01.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  704
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

26.01.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  769
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3528
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3290
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...

Сlimate

Calendar

February 2018
25
Sunday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday4349
mod_vvisit_counterYesterday5003
mod_vvisit_counterThis week26610
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days2758060

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гумрук барои воридоти маводи пастсифат мубориза мебарад

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Хадамоти гумрук риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, ҷиҳати пешгирии воридоти маводи озуқавории пастсифат ва муҳлати истифодабариашон гузашта аз хориҷи кишвар, дар доираи салоҳияти худ мунтазам чораҳои дахлдор андешида истодааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 66-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии моли воридотӣ танҳо баъди анҷом додани назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, фармасевтӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорати давлатии воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурат мегирад.

Дар 11 моҳи соли 2017 ҳайати шахсии Хадамот ва воҳидҳои сохтории он тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда оид ба молу маҳсулоти ба саломатии инсон зараровари тариқи қочоқ воридшаванда ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемологии аҳолӣ амалиётҳои гумрукӣ гузаронида, воридоти ғайриқонунии молҳо ва маводи озуқавории пастсифату мӯҳлати истифодаашон гузаштаро ошкор намудаанд.

Дар ин давра 2 ҳолати воридоти маводи озуқавории пастсифату мӯҳлати истифодабариаш гузашта (маҳсулоти қаннодӣ) ба миқдори умумӣ 12 395 кг ва маҳсулоти спиртӣ "арақ" ошкор карда шуд. Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунанда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 209 қ. 1, 294 қ.2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, барои баррасӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

 

Дар давраи ҳисоботӣ нисбати ғайриқонунӣ ворид намудани молҳои зераксизӣ ҳамагӣ 514 ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, ки аз рӯи ин ҳолатҳо 12 парвандаи ҷиноятӣ (7 адад парвандаи ҷиноятӣ оиди воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав, 3 парвандаи ҷиноятӣ оиди маҳсулоти сӯзишвории "бензин" ба миқдори умумӣ 127 640 литр, 1 парванда оиди 22 000 қуттича сигарет ва 1 парванда оиди маҳсулоти спиртӣ) ва 502 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Чунончӣ: ;

1. Маҳсулоти сӯзишворӣ - 273 ҳолат (3 парвандаи ҷиноятӣ ва 270 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) ба миқдори 734 929 литр, ки бо қарорҳои суди ҷарима ба маблағи 1 016 434 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 79 533 сомонӣ рӯёнида шудааст ва ба маблағи 963 486 сомонӣ молҳо мусодира гаштаанд.

2. Маҳсулотҳои заргарӣ– 4 ҳолат (парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ), маҳсулотҳои заргарии аз металлҳои қимматбаҳои "нуқра" ва "тилло"' сохташуда ба миқдори умумӣ 4 кг 85 гр. Тибқи қарорҳои суд ҷаримаҳо ба маблағи 20 901 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 1497 сомонӣ ситонида шудааст ва ба маблағи 41 802 сомонӣ мол мусодира карда шудааст.

3. Маҳсулотҳои спиртӣ - 109 ҳолат (1 парвандаи ҷиноятӣ ва 108 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ), дар ҳаҷми 28 380 дона (14 190 литр), ки боқарорҳои суди ҷарима ба маблағи - 54 011 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 11 850 сомонӣ, ба маблағи 45 704 сомонӣ молҳо мусодира карда шудаанд.

4. Маҳсулоти тамоку - 54 ҳолат (1 парвандаи ҷиноятӣ ва 53 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ), ба миқдори 65 375 қуттича (1 307 500 дона) ва 3090 кг тамоку, ки бо қарорҳои судӣ ҷарима ба маблағи 10 746 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 299 сомонӣ ситонида шудааст ва ба маблағи11 231 сомонӣ молҳо мусодира гаштаанд. ;

5. Дигар намуди молҳои зераксизӣ – 74 ҳолат (7 парвандаи ҷиноятӣ ва 67 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) нисбати воситаҳои нақлиёти сабукрав, обҳои газнок, нӯшокиҳои шарбатӣ, қасқонҳои резинӣ ташкил медиҳанд, ки ҷаримаҳо ба маблағи 58 843 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ - 1994 сомонӣ ва ба маблағи 58 241 сомонӣ молҳо мусодира карда шудааст.

Дар давоми 11 моҳи соли 2017 - 14 ҳолати ошкор намудани воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ба миқдори 1655 адад, ба қайд гирифта шуда, 2 парвандаи ҷиноятӣ ва 12 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин, дар давраи 11 моҳи соли 2017 воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардуми зерин: ангишт - 1982 тн, семент - 18 тн, нуриҳои минералӣ - 398 тн, маҳсулоти қаннодӣ - 37 тн, шакар - 223 тн, лампаҳои тафсон - 54 782 адад, нахути сабз - 1125 дона қуттӣ, меваи тар - 133 тн, меваи хушк – 56 тн, равғани растанӣ - 24 тн, тахта - 1084м3, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ - 45 138 дона, доруворӣ 47 200 дона сӯзандору ва 1500 адад таҷҳизоти қатрагузаронӣ, либоса - 72 576 дона, хуроки парранда - 94 тн, собун - 61 тн, бозичаҳои кӯдакона - 40 550 дона, тухми мурғ - 720 900 дона, орд - 3 тн, матоъ - 9620 метр, техникаи маишӣ - 85 дона ва дигар намуди молҳои ниёзи мардум боздошт карда шудааст.

Нисбати ин ҳолатҳо 2258 парвандаи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ ва 28 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Аз онҳо ҷаримаҳо ба маблағи 2 930 927 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 1 086 549 сомонӣ рӯёнида шуда, ба маблағи 2 243 724 сомонӣ молҳо мусодира карда шудааст.

Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияти худ ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ, минбаъд низ фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани воридоти маводи озуқавории пастсифат ва мӯҳлати истифодабариашон гузашта аз хориҷи кишвар, тамоми имконияту воситаҳоро истифода хоҳад намуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships