ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Пешгирии боз як ҳолати интиқоли маводи тарфгарӣ дар шаҳри Душанбе

27.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  271
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти 1 тоннаю 440 килограмм «Шираи камол» дар вилояти Хатлон

22.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  332
Амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар яке аз...
Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

18.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  314
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҳамкориҳои судманди гумрукӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

25.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  254
Санаи 7-уми марти соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар...
Дар ҳошияи ҳамкориҳои байналмилалӣ

21.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  315
Санаи 21 - уми декабри соли 2017 дар Хадамоти гумруки...
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  512
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2840
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2611
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5370
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Январ 2018
18
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1897
mod_vvisit_counterДирӯз4178
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта13210
mod_vvisit_counterДар ин моҳ65521
mod_vvisit_counterҲамарӯза2604872

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар доираи сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор мавзеъҳои қадимаву таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

Урдун кишварест дар Ховари Миёна, ки аз шимол бо Сурия аз шимолу шарқ бо Ироқ, аз шарқу ҷануб бо Арабистони Саудӣ ва аз ғарб бо Исроил ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Урдун шаҳри Аммон аст ва шоҳигарӣ аз 12 музофот - Аҷлун, Ақаба, Уммон, Ҷераш, Ирбид, Маан, Мадаба, аз-Зарқа, ал-Балқа, ал-Қарак, ал-Мафрак, ат-Тафила иборат мебошад.

Аммон пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун таърихи хеле қадима дошта, асосан аз мавзеъҳои таърихӣ, иншооти гуногуни қадима ва манзараҳои барои сайёҳон тамошобоб иборат аст. Шаҳри Аммон соли 1949 пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун эълон гардид, вале таъсиси он ба 7 ҳазор сол пеш аз милод рост меояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аммон Қалъаи Ситадел, Осорхонаи Урдун, маконҳои таърихии шаҳри қадимаи Петра, Баҳри мурда ва соҳили ғарбии руди Урдунро тамошо карданд.

 

Урдун дар байни кишварҳои арабӣ яке аз мамлакатҳои дорои таърихи бою қадима мебошад, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ба шаҳрҳои қадимаи он зиёд аст. Бештар диққати одамонро Қалъаи таърихии Ситадел, шаҳри қадимаи Петра бо тарҳи меъмории нодир дар руи санг ва нигораҳои арзишманди осорхонаи Урдун, инчунин мамнуъгоҳҳо ҷалб мекунад.

Баҳри мурда дар масофаи 35 километр аз шаҳри Аммон ҷойгир буда, бо хусусиятҳои шифобахшиаш машҳур аст.

Қалъаи Ситадел ҳам яке аз ҷойҳои таърихию тамошобоб мебошад. Ситадел маънои девори қалъаро дорад. Ин ҷойро маркази Аммон ё дили шаҳр ҳам мегуянд. Дар қалъа вайронаҳои деворҳои қаср, боқимондаҳои маъбади Геркулес, калисои византия мутааллиқ ба асри 6, ҳудуди Ал Қаср мавҷуд аст. Дар Ал Қаср айни ҳол осорхонаи бозёфтҳои бостоншиносӣ фаъолият мекунад.

Дар домани қалъа амфитеатр ҷойгир аст, ки рамзи Урдун мебошад ва он аз 44 қатор бо 7000 ҷойи нишаст бунёд шуда буд.

Ғори Ал Каъф маъруф бо ғори асҳоби каъф дар қисми ҷанубии шаҳри Аммон ва шаҳри Петра - пойтахти қадимаи шоҳигарии Набатей низ, ки дар санг дар баландии 900 метр аз сатҳи баҳр беш аз 2 ҳазор сол пеш сохта шудааст, аз ҷойҳои таърихӣ ва машҳури Урдун мебошад.

Шаҳри Петра ба феҳристи иншоотҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба руйхати яке аз ҳафт муъҷизаи олам ворид гардидааст. Шаҳр яке аз мавзеъҳои нодири ин кишвар ба ҳисоб рафта, то имрӯз толорҳои қадима ва амфитеатр, маъбад ва манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаҳои шаҳри қадимро дар худ бегазанд нигоҳ доштааст.

Дар шаҳри Аммон ҳамчунин Осорхонаҳои анъанаҳои мардумии Урдун, мошинҳои шоҳӣ, тангаҳои қадима, осорхонаи ҳарбӣ бо яроқҳои гуногун, намоишгоҳ бо намунаи мусаввараҳои шарқӣ, қасри Омеядҳоро тамошо кардан мумкин аст.

Дар Осорхонаи Урдун дастовардҳои илму технология дар самти дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ ва зироаткорӣ мавқеи хоса дорад. Дар ин ҷо дастгоҳе намоиш дода шуд, ки дар шароити хушкӣ барои таъмини заминҳои зироаткорӣ бо об аз ҳаво об истеҳсол менамояд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир нарасидани оби ошомиданӣ дар як катор қитъаҳои олам ба назар мерасад ва бинобар таъсири таъғирёбии иқлим оби баъзе дарёву баҳрҳо буғ шуда, аз байн меравад. Дар Урдун ҷиҳати пешгирии хушкшавии Баҳри Мурда дар масофаи наздики 200 километр барои барқарор кардани миқдори оби бухоршуда лоиҳаи бунёди қубури интиқоли об аз Баҳри Сурх таҳия шудааст.

Мавриди зикр аст, ки талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва сиёсати ояндасози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои дар оянда рушд кардани кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, баҳри ҳалли мушкилоти норасоии об дар сайёра ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ равона гардидааст ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдории амиқ пайдо кардааст.

Пас аз анҷоми боздид аз Осорхонаи Урдун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори орзуву таманниёти нек баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар дар китоби меҳмонони олиқадр имзо гузоштанд.

ШАРИКОН