ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Июль 2018
23
Понедельник
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня1707
mod_vvisit_counterYesterday5453
mod_vvisit_counterВчера1707
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3387478

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон-Қирғизистон, дар роҳи автомобилгарди самти «Конибодом-Хуҷанд», дар дидбонгоҳи БДА-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиётии тамғаи «БМВ-520» рақами қайди давлатиаш 07 77 КВ 02, таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.Н., соли таваллудаш 1984 барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони нақлиёти мазкур ба миқдори 7 қуттича (блок), ки дар дохилашон 10 адад қуттичаҳои майдаи маводи тарфгарии намуди «Трения», як қуттича дорои 12 дона маводи тарфгарии намуди «Красная нечисть», 8 қуттича дорои 10 дона, ҷамъ 80 дона маводи тарфгарии намуди Петарды «Чёрная смерт», 2 қуттича (блок), ки дар дохилашон 20 донагӣ, ҷамъ 40 дона маводи тарфгарии намуди «Цай Ван Лэй», 10 қуттича дорои 12 донагӣ, ҷамъ 120 дона маводи тарфгарии намуди «Маленькая пчёлка», 1 қуттича дорои 72 донагӣ, намуди фейерверк «Соловей разбойник», 2 бастаи селофани дорои 4 донагӣ, ҷамъ 8 дона оташфаввора «Золотой песок» ва 4 адад оташфавораи намуди «Двоедрагуна»-и маводи тарфгарии истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт карда шуд, ки ба шаҳрванд Ю.Н., тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор маводҳои тарфгариро аз деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

Тибқи хулосаи эксперти ташхиси судӣ- баллистикӣ ва тиру гилзадони ШТК РВКД ҶТ дар вилояти Суғд аз 8-уми декабри соли 2017 маводҳои аз шаҳрванд Ю.Н., гирифташуда, маводҳои силиндршакл буда, миқдори умумии маводи мазкур 3578 ададро ташкил дода, ба гурӯҳи маводҳои тарфгарӣ, яъне перотехникӣ (хлопушка) дохтл аст. Аз инҳо: - 24 адад «хлопушка Фейервсрк дводрагуна», «Золотой песок» (хлопушка) ва «Красная нечисть ракета» ба гурӯҳи маводҳои тарфгарӣ, яъне перотехникии фаввораи мушакҳо (салют) дохил мешаванд, 152 адад маводҳои тарфгарии навъи мушаки коғазини дастӣ (хлопушка-петарда) ва «Петарды черная смерт» ба гурӯҳи маводҳои тарфгарии навъи мушаки коғазини дастӣ (хлопушка-петарда) дохил буда, 148 адад маводи тарфгарии намуди «ЦАЙ ВАН ЛЭЙ» ва «Маленькая пчёлка» ба маводҳои тарфгарӣ, яъне перотехникӣ (хлопушка) дохил буда, ҳамаи онҳо барои истифодабарии аз рӯи таъиноташон дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Ю.Н. бо моддаи 199 пр-1 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры