CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

July 2018
20
Friday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday759
mod_vvisit_counterYesterday5418
mod_vvisit_counterThis week22918
mod_vvisit_counterThis month83109
mod_vvisit_counterAll days3369940

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 

Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 12 - уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва ҷаласаи 66 - уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб иштирок намуданд.

Дар ин ҷаласа як қатор масъалаҳо вобаста ба густариш додани ҳамкориҳо байни мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуда, аз натиҷаи он аз ҷониби роҳбарони мақомоти гумрук қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Бояд қайд намуд, ки фаъолияти мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои рушди кишварҳо нақши муҳим дошта, доир ба инкишофи иқтисодиёти Тарафҳо саҳми калон доранд.

 

 

 

 

 

Дар ҷаласаи навбатии 66 - уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

- оид ба рафти иҷрои қарорҳо, ки дар ҷаласаи 65-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва натиҷаҳои кори коршиносони Шӯро қабул шуданд;

- лоиҳаи Созишнома оид ба омӯзиши кадрҳо дар барномаҳои таълимӣ ва барои таълими иловагии касбӣ;

- талаботи намунавӣ барои бехатарии иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

- лоиҳаи Низомнома оид ба талаботи минималӣ барои нуқтаҳои гумрукии наздисарҳадӣ, ки дар нуқтаҳои гузаргоҳи автомобилӣ ҷойгиранд;

- нақшаи кори Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2018;

- нақшаи кори Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзиҳуқуқии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2018;

- ҳисобот дар бораи натиҷаи узвияти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Кумитаи молиявии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук ва ғайра.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships