![]() | Cегодня | 2558 |
![]() | Yesterday | 2192 |
![]() | Вчера | 4750 |
![]() | Этот месяц | 100000 |
![]() | Все | 3006295 |
15 Декабря 2017
Санаи 14-15-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 131-уми Шӯрои ҳамкории гумрукии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб узви Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук мебошад. Узвият ба ин Созмони бонуфуз имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
Хадамоти гумрук аз мусоидат ва ҳамкории назарраси Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар самтҳои такмили қонунгузории гумрукӣ, модернизатсия ва ислоҳоти мақомоти гумрук, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамшаклии расмиёти гумрукӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, мубодилаи маълумот миёни хадамоти гумруки кишварҳои ҷаҳон, омӯзиши кормандони мақомоти гумрук, инчунин, аз хизматрасониҳои машваратию иттилоотии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба фаъолияти гумрукӣ бархурдор гардидааст, ки ба баланд гардидани самаранокии фаъолияти хизматӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, дар ин ҷаласа аз ҷониби Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб ва Раиси кулли Созмони гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон оғои Фуруд Асғарӣ Ёддошти тафоҳум оид ба амалӣ намудани Созишномаи дутарафа дар бораи ёрии байниҳамдигарии идори ҷиҳати иҷрои дурусти қонунгузории гумрукӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон