ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Июль 2018
20
Пятница
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня753
mod_vvisit_counterYesterday5418
mod_vvisit_counterВчера22912
mod_vvisit_counterЭтот месяц83103
mod_vvisit_counterВсе3369934

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ, дар роҳи мошингарди ноҳияҳои Ҷаббор Расулов - Спитамен бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ, воситаҳои нақлиёти тамғаи «Зил» ва DAF рақми қайди далатиашон 2727СН02 ва 7412DO02 - ро барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

 

 

Дар натиҷаи азназаргузаронӣ дар бордони автомашинаи тамғаи «Зил», таҳти идораи шаҳрванд З. Ғ. маҳсулоти сохтмонии навъи тахта ба миқдори 8 метри кубӣ муайян карда шуд.

Дар вақти пурсиш ронандаи нақлиёти мазкур З. Ғ. қайд намуд, ки ӯ моли зикршударо аз деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо супориши «Мурод» ном шахс ва як шахси ношиноси қирғиззабон ба бордони нақлиёташ бор карда, мехост ба шаҳри Истаравшан интиқол диҳад, ки дар натиҷа дар ҳудуди ноҳияи Спитамен боздошт гардид.

Инчунин, муайян гардид, ки дар қисми пеши бордони автомашинаи тамғаи DAF систернаи худсози оҳанин, ки дар дохилаш маводи сӯзишвории дизелӣ тахминан ба миқдори 8 ҳазор литр мавҷуд мебошад, насб карда шуда, дар қисми ақиби бордон алафи хушкро ба мақсади пинҳон намудани систернаи худсози оҳанин ҷойгир намудаанд.

 

 

Моли мазкур ба «Некрӯз ном шахс тааллуқ дошта, бо роҳи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Оид ба ҳодисаҳои мазкур, нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, таҳти баррасӣ қарор доранд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры