CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

September 2018
19
Wednesday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday2690
mod_vvisit_counterYesterday6184
mod_vvisit_counterThis week16456
mod_vvisit_counterThis month89802
mod_vvisit_counterAll days3715440

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 

Дар ҳошияи ҳамкориҳои байналмилалӣ

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 21 - уми декабри соли 2017 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб бо Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кевин Коверт баргузор гардид.

Зимни мулоқот Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб ва  Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт оид ба ҳамкориҳои мутақобила дар самтҳои мусоидати техникӣ, иттилоотӣ ва мубориза бар зиддӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ибрози назар намуданд.

 

 

Дар идомаи мулоқот Кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон калидҳои бинои ёрирасони нави сохта шудаи дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-Арт» - и Гумруки Мурғоби Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ -ро ба Сардори Хадамоти гумрук тақдим намуд.

 

 

 

Бояд, қайд намуд, ки марҳиллаи аввали сохтмони дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-Арт»-и гумруки Мурғоб, соли 2009-ум аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура»-и Хадамоти гумрук бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд оғоз шуда буд. Бо сабаби он, ки кори Барнома 31-уми октябри соли 2011 ба охир расид, маблағгузорӣ аз тарафи Бонки Осиёии Рушд қатъ карда шуд. Соли 2012-ум барои идома додани корҳои сохтмонӣ Сафорати ИМА сохтмони бинои дуошёнаи маъмурию маиширо ба ӯҳдаи худ гирифт.

 

 

Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур, инчунин муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷамшед, сардори Раёсати молиявию хоҷагӣ Давлатов Исломхон, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Ёрмаҳмадзода Комёр, муовини сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Ҷӯраев Даврон, директори INL (Идораи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқ) Кристофер Грин, мушовири калони INL Ҷон Дудли ва менеҷери барномаи INL Сарват Ансорӣ иштирок намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships