ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
21
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз883
mod_vvisit_counterДирӯз5404
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта883
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3156379

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Боздошти 1 тоннаю 440 килограмм «Шираи камол» дар вилояти Хатлон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.

Табиати афсункори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо насими диловезу муаттар ва гулу гиёҳҳои шифобахшу нотакрораш кайҳост писанди оламиён гардидааст. Мутассифона ашхосе ёфт мегарданд, ки ин ҳама зебоиҳоро нодида мегиранд ва ё бо чашми ҳасудона нигариставу ин сарвати бебаҳои кишварро мехоҳад берун аз марз интиқол бидиҳанд.

 

 

 

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон автомашинаи тамғаи ДАФ рақами қайди давлатиаш ТҶ 42-06 РР 01, ядакаш 01 АА 25-31, ки таҳти ронандагии Саидов Саидҷамол сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор дошт мавриди боздошт қарор дода шуд. Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ маълум гардид, ки дар бордони автомашинаим мазкур маҳсулоти сохтумонии «Семент» мавҷуд аст, вале дар қисми поёнии бордон пинҳонгоҳи махсус сохта шуда дохили он ба миқдори 66-адад зарфҳои пласмасии ғунҷоишашон 20-летра, ки дохили онҳоро маводи «Шираи камол» ташкил медиҳад, устокорона ҷойгир карда шудаанд. Номбурда мехост ин миқдор маводи «Шираи камол»-ро бидуни назорати гумрукӣ ва ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол бидиҳад.

 

 

Ҳангоми суҳбат бо ронанда маълум гардид, ки маводҳои дарёфтгардида ба Муҳамадамин Аҳмадулло Амин сокини вилояти «Нангархор»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тааллуқ дорад.

Тибқи хулосаи таҳлилӣ кимиёвии фармасевтии Раёсати Хадамоти Назорати Давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон маводҳои мазкур «Маводи моеӣ ғафсшудаи иборат аз омехтаи шираи камоли бадбӯй буда, барои коркарди минбаъда коршоям буда вазни умумии он 1 тоннаю 440 килогарамро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаҳои 234 пр.-1 бандҳои «Б2, «Д», 32 қисми 3 ва 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот дар ин самт идома дорад.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН