CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

April 2018
26
Thursday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday2131
mod_vvisit_counterYesterday3187
mod_vvisit_counterThis week7510
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days3009055

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 

Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои гумрукӣ дар шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои гумрукӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Сардори Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Сайдализода Сӯҳроб Қурбон бо роҳбари Гурӯҳ, муовини сардори Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Эркин Умэр мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар рафти гуфтушунид тамоми пешниҳодҳое, ки аз тарафи гурӯҳи кории Тоҷикистон баён гардид, ба пуррагӣ қабул шуда, Протокол - меморандум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гумруки шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи равнақ додани ҳамкорӣ байни мақомотҳо, аз ҷумла ташкил намудани шароити мусоид барои табодули маълумот, гузаронидани амалиётҳои якҷоя оиди мубориза бар зидди қочоқи яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, маводи мухаддир, наботот ва ҳайвоноти нодире, ки дар ҳолати нобудшавӣ қарор доранд, ба имзо расонида шуд.

 

 

Иштирокдорони ҷаласа, дар доираи сафари корӣ аз минтақаи озоди иқтисодии ҳамин шаҳр ва дидбонгоҳи наздисарҳадии «Қарасу»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар баландии 4 ҳазору 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад, дидан намуда, бо тартиби барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз маҳалли барасмиятдарории гумрукӣ то маҳали содироти он аз сарҳади гумрукӣ шинос шуданд.

 

 

Дар вохӯрии мазкур, инчунин сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷамшед Комил, сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Сатторов Лутфулло, муовини сардори ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ Эмомзода Баҳриддин, сардори Раёсати минтақави гумрукӣ дар ВМКБ Булбулшоев Алишер, сардори дидбонгоҳи гумрукии “Қизил Арт”-и Раёсати минтақави гумрукӣ дар ВМКБ Масолов Исҳоқ, Ли Шижуй - сардори Раёсати гумруки Қошқар, Жан Цзян - сардори Шуъбаи ташкили назорати гумрукӣ, Сун Цзи - сардори маркази назорати таваккали гумрукии Қошғар, Цзин Жун - сардори идораи корҳои хориҷии Раёсати гумруки Урумчӣ, Юй Cao Дон - сардори Шуъбаи ҷамъоварии маълумот ва дигарон иштирок намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships