CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

April 2018
26
Thursday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday2132
mod_vvisit_counterYesterday3187
mod_vvisit_counterThis week7511
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days3009056

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 

8-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳошияи чорабинии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, 4-умин ҷаласаи зеркумитаи коршиносони соҳаи гумрук ва 8-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук баргузор гардид.

Дар ҷаласаҳои мазкур, муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии 4-умин ҷаласаи зеркумитаи коршиносони соҳаи гумрук ва 8-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук як қатор масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

1. Баррасии қарорҳои ҷаласаҳои қаблӣ, аз ҷумла:

- Дастовардҳои охирини ҳамроҳшавии Созишномаи гумрукӣ бо номи «Созишнома дар бораи таъсиси маҳзани функсионалии маълумотҳои СҲИ оид ба қочоқ ва фаъолияти ҳифзиҳуқуқӣ».

- Мавқеъи лоиҳаи Созишнома оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи маъмурӣ дар масъалаҳои гумрукӣ;

2. Ташкили курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои СҲИ; 3. Ташаббусҳои СҲИ, фаъолият ва нақшаҳо барои таҳкими ҳамкории гумрукӣ байни кишварҳои аъзои СҲИ;

- Пешниҳоди мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ байни кишварҳои аъзои СҲИ; - Азнавкунии маълумотҳои кишварҳои узви СҲИ дар барномаҳои операторҳои ваколатдори иқтисодӣ;

- Омода намудани роҳнамо барои расмиёти воридот, содиротӣ ва транзитӣ ва коркарди низоми ягона;

- Мусоидат ба кишварҳои узв дар суръатбахшии ҳаракати мошинҳо ва контейнерҳо, ки дорои молҳои ноустувор дар сарҳадот мебошанд, бо тартиби фаврӣ ва бидуни таъхир;

- Омода намудани роҳнамо барои расмиёти воридот, содирот, транзитӣ ва рушди яквақта 4. Муҳокима ва тасдиқи Созишнома оид ба кӯмаки яквақтаи маъмурӣ дар масъалаҳои гумрукӣ;

5. Муаррифӣ, мубоҳиса ва бознигарии пешниҳоди Эрон барои мубодилаи электронии иттилооти гумрукӣ байни кишварҳои аъзои СҲИ;

Маврид ба зикр аст, ки Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) як созмони минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик таъсис ёфтааст ва вориси ҳуқуқии Ташкилоти ҳамкории минтақавӣ оид ба рушд буда, дар асоси шартномаи Измир, ки аз ҷониби се кишвар - Эрон, Покистон ва Туркия 12-уми марти соли 1977 ба тасвиб расидааст.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships