ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  384
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани...
Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

15.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  822
Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ...
Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

13.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  531
Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  399
Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди...
Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

02.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  722
2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди...
Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

01.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  704
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

26.01.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  769
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3528
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3290
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...

Боду ҳаво

Тақвим

Феврал 2018
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4352
mod_vvisit_counterДирӯз5003
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта26613
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2758063

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти солинавии Абдуфатоҳи Ғоиб, Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҳамкасбони муҳтарам!


Бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдории мо мус-таҳкам гардида, сол аз сол Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ободу зебо ва мутамаддин мегардад.


Ба ин маънӣ агар ба натиҷаҳои бадастомадаи фаъолияти соҳаҳои мухталифи ҷомеа дар соли 2017 назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки ин сол дар маҷмӯъ соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.


Дар зарфи як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ-муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд.


Мо бо соли 2017-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад гузошт, хайрбод мегӯем ва соли нави 2018-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.


Соли нави мелодиро барои Шумо – ҳамкасбони муҳтарам ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистонро табрику муборакбод гуфта, бароятон саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон субботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.


Бигузор оғози ҳамаи орзуҳо ва амали некатон анҷоми неку муваффақона дошта бошанд. Дар Соли Нав ба Шумо ва хонадонатон бахт ва иқболи баланд орзу менамоям!


Соли Наватон муборак бошад!

ШАРИКОН