ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Пешгирии боз як ҳолати интиқоли маводи тарфгарӣ дар шаҳри Душанбе

27.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  258
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти 1 тоннаю 440 килограмм «Шираи камол» дар вилояти Хатлон

22.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  320
Амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар яке аз...
Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

18.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  305
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҳамкориҳои судманди гумрукӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

25.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  243
Санаи 7-уми марти соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар...
Дар ҳошияи ҳамкориҳои байналмилалӣ

21.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  302
Санаи 21 - уми декабри соли 2017 дар Хадамоти гумруки...
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  505
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2827
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2603
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5362
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Январ 2018
18
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз723
mod_vvisit_counterДирӯз4178
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12036
mod_vvisit_counterДар ин моҳ64347
mod_vvisit_counterҲамарӯза2603698

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуни шаҳидони мо, мечакад аз чангатон!!!

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

ҲНИТ!!!

Хуни шаҳидони мо, мечакад аз чангатон!!!

(Аз қатли Муҳиддини Олимпур 22 сол пур гардид)


Аксари донишҷӯёни маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира”-и ДДМТ субҳи хунини 13-уми декабри соли 1995-ро ёд доранд. Он субҳи тираи боронӣ ҷасади Муҳиддини Олимпур, маъруфтарин журналисти он айём дар пули назди факултаҳои филология ва журналистикаю шарқшиносӣ мехобид.

Имрӯз тасвири он саҳнаи даҳшатбор кори саҳлу содда менамояд ва онро кори дасти се-чор қотили касбӣ (киллер) мешуморанд. Аммо дар даромадгоҳи факултаҳое, ки аслан бо сухан ва қалам кор доштанд, партофтани ҷасади Олимпур ва аз даҳонаш парронидани ӯ на танҳо тасвири тасодуфӣ, балки ҳушдори қатъие ба қаламбадастони оянда ҳисоб мешуд.

Олимпур аслан на фарзанди ин майдон ва на он майдон буд. Амале, ки шуҳраташро зиёд кард, омода кардани барномаҳои телевизионие бо номи “Ситораҳои Шарқ” буд. Аз Гугуш мегуфт, аз Нодирпур ҳикоя мекард, розҳои Аҳмад Зоҳир мекушод.

Ва ҳатто соли кушта шуданаш, ки дар хиёбонҳои Душанбе хун мерехт, Сатторро ба Тоҷикистон оварда буд. Албатта, ба кӣ ва кадом кишвар аз ҳунармандону шоирону нависандагони фирорияшон нақл карданаш писанд набуд, дарк кардан кори душворе нест.

Шояд бо назардошти ин хафв сентябри соли 1995 Саттор маънидорона дар суханронии кӯтоҳе, ки дар “Кохи Борбад” дошт, аз аҳли толор хоҳиш кард, ки “Олимпурро эҳтиёт кунед”...

Солҳо гузаштанд...

Соли 2001 аз чор нафар қотилони Олимпур ду нафар ва баъдтар соли 2005 қотили сеюм боздошт шудаву ба курсии айбдорӣ нишастанд ва ба гуноҳи хеш иқрор шуданд. Маълум шуд, ки ин куштор бо дасти аъзои гуруҳи мусаллаҳи наҳзатӣ, таҳти фармондеҳии Нозим Юнусов (“Эшони Нозим”) сурат гирифта будааст. Агар ӯ имрӯз зинда мебуд, шояд мегуфт, ки дар навбати худ ин амрро аз куҷо гирифтааст. Вале соли 1999, дар натиҷаи як амалиёт қумондони номбурда кушта шуду бо ҳамин асрори кӣ будани фармоишгарро бо худ бурд.

Соли 2012 масъалаи қатли Муҳиддини Олимпур дубора дар сархати хабарҳо ҷой гирифт. Интизор мерафт, ки ба муносибати 15-солагии Истиқлол афви тиллоӣ эълон мегардад. Ба ин муносибат вакили парлумони он замон Муҳиддин Кабирӣ рӯйхате аз 161 нафар размандагони маҳбуси ҲНИТ-ро таъсис дода, аз Президент хоҳиш кард, то онҳо афв бишаванд. Ин рӯйхат авввал баъзе аз худи размандагони ҲНИТ-ро ба эътироз водор кард. Ба кадом роҳе шикояти собиқ қумондони ҲНИТ Садриддин Тошев ба расонаҳо роҳ ёфт.

Номбурда шиква аз он дошт, ки номи баъзе ду маротиба, - таҳти рақамҳои 57-58-59 ва рақамҳои 98-99-102 оварда шудааст ва номи қумондонҳои ба ҲНИТ “хизматкарда” чун Нозим Қурбоналиев нест.

Номҳои такроршуда дар номаи эътирозии Тошев набуд ва табиист, ин даъвои Тошев рӯзноманигоронро водор кард, то ба ин рӯйхат таваҷҷуҳ намоянд ва фаҳманд, ки ин “эркаҳои раиси ҲНИТ” киҳо ҳастанд.

Барои рӯзноманигорон шигифтовар он буд, ки номҳои такрорӣ дар он нома ба номи Президент... қотилони Муҳиддини Олимпур буданд! Чаро Муҳиддин Кабирӣ маҳз ба такрор аз онҳо мегӯяд? Чаро? Ин талаб реша аз куҷо мегирифт? Наход раҳбари як ҳизбе, ки дар муқоиса бо дигар сиёсатмадорон миёни доираҳои журналистӣ аз ҳама фаъол худро ҳисоб мекард ва бисёр мехост ба журналистон ҳамеша писандида бошад, дидаву дониста, барои қотилони журналисте озодӣ хоҳад, ки Олимпур барои онҳо як идеали зиндагӣ ва эҷод ҳисоб мешавад?

Охир, ҳамон тавре пешвоёни маънавиашон барои онҳо қадру қиммат доранд, барои ҳар нафари рӯзноманигор Муҳиддини Олимпур ҳамин гуна қадр дорад!

Болои ин, набудани ному насаби “қумондони демократ” Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки ба муҳити журналистон наздиктар буд, аз ҲНИТ канор рафта буд, андешаеро қавитар мегардонд, ки ин рӯйхат тасодуф пайдо нашудааст.

Ёдам намеравад, ки он замон Кабирӣ дар аввал изҳор дошта буд, ки ба мушкилиҳои ҳаёти шахсӣ овора буду рӯйхатро муовинонаш омода кардаанд. Баъдтар гуфт, ки рӯйхат саросемавор омода шудааст ва он ҳама хатои техникӣ аст. Вақте ин андешаро ба яке аз муовинонаш гуфтам, лабханд заду ба суоли ман суол дод:

- Ба андешаи ту, раҳбари як ҳизби сиёсӣ, ки даъвои Ҳукумат дорад, ба ҳуҷҷати муҳиме, ки ба Президент ва ҷомеа пешниҳод карданӣ аст, нахонда имзо мекунад? Оё намедонад, ки озодии киро мехоҳад? Дар паси ҳар номи ин рӯйхат нафаре ё манфиате меистад?

Ин фақат як мисоли зинда барои онҳое аст, ки бут тарошидан ва бутпарастию дастбӯсиро дӯст медоранд.

Ба ранги “галстукҳои аврупоӣ” фирефта мешаванд, хатоеро, ки соли 1992 бо интихобашон, - думравӣ аз онҳое, ки афви қотилонашонро мехоҳанд, такрор мекунанд.

Барои мисол, як маърӯзаи ахири шоир ва журналист Темур Варқӣ дар шаҳри Венаро зикр мекунам. Ҳамкасби мо ба ҳадде дурӯғ мегӯяд, ки ҳатто ҳамкасбонашро дар ҳолати ногувор мегузорад. Ӯ даъво мекунад, ки нашрияҳои «Рӯзгор», «Овоза ва ҳақиқат», «Нигоҳ» аз ҷониби Ҳукумат баста шудаанд.

Хушбахтона, соҳибони ин расонаҳо ва доираҳои журналистӣ посухаш доданд, вале фикр мекунам барои “справкаи Кабирӣ” (то ҷое шунидам, агар маълумотномаи ин шахс дар бораи мухолифи давлат будани паноҳҷӯй набошад, касе наметавонад дар Аврупо паноҳгоҳ гирад) барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ ба ин ҳад ҳамкасбони хешро туҳмат задан нашояд.

Дар ин маврид вобаста ба дигар ҷузъиёти маърӯзаи Темур Варқӣ журналист Додоҷони Атовулло менависад: «Яке аз бонувони рӯзноманигори тоҷик, ки ба далели таҳдидҳо маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуда ва паноҳандагии сиёсӣ дар яке аз кишварҳои урупоӣ дарёфт намудааст, дар як суҳбати хусусӣ, барои ман (Темур Варқӣ дар назар аст) нақл кард, ки як корманди амниятӣ ӯро маҷбур ба нишастан дар мошини хидматии худ карда ва чанд соат нагузошта ӯ аз мошин берун ояд ва ҳатто иҷоза надода ба ҳоҷатхона биравад ва бар ӯ фишори руҳӣ ворид месохта ва таҳқираш мекарда ва таҳдидаш менамуда, ки ӯро дар зерзамини КДАМ ва ё дар берун аз шаҳр бурда ва ба номусаш таҷовуз хоҳад кард".

«1. Ин бону кист, ки иҷозаташ надодаанд ба ҳоҷатхона биравад, пас чӣ гуна рухсат додаанд, ки ба хориҷа бигурезад?

2. Агар ин "хонуми озодманиш ва журналисти бебок" гурехтааст ва статуси паноҳандагӣ дар Аврупо гирифтааст, чаро номашро ниҳон медорад ва аз кӣ меҳаросад, ки саргузашташро танҳо ба гӯши Варқӣ мегӯяд? Ё ин саргузашт афсона аст ва ё дар Аврупо ҳам ӯро намемонанд, қазои ҳоҷат кунад?

3. Агар ин бону номусашро ҳанӯз ҳам ҳифз карда бошад, чаро худаш хомӯш аст? Шояд ин саҳфаи ҳасби ҳолаш беҳтарин гузориш ё мақолаи ӯ мешуд. Гуфтани ҳақиқат аз рисолати асосии пешаи журналистист.

Дигар ҳама баҳона ё афсона барои паноҳандагӣ гирифтан асту бас!».

Баргардем сари мавзуъ:

Дар ҳамон дархост Кабирӣ ба Президент навишта буд: «Ҷашни 15- солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллӣ беҳтарин ва муносибтарин фурсат барои афви ин шаҳрвандон ва ҳадяи идона ба ҳазорон падару модар ва фарзандон дар арафаи ин санаи таърихӣ мебошад. Шакке нест, ки ин амали хайр як саҳифаи навро дар корномаи сулҳофаринии Шумо ва хотираи неки миллат изофа хоҳад кард»...

Фикр мекунам ин дархост тире буд ба ҷигари ҳар рӯзноманигоре, ки Олимпурро мешинохт, ҳар нафаре барномаҳои ӯро боре дида буд, ҳар нафаре дар ҷодаи журналистикаи касбӣ қадам мебардорад.

Эҳтиёт бошед, рӯзноманигорон, аз сиёсатмадоре, ки маҳз дар назди шумо ҷилва мекунад ва медонад, ки фардо маҳз шумо он хиромидан ва он ҷилваро тасвир хоҳед кард. Мисли тасвири ҷасади хунини Олимпур...

Хуни шаҳидони ҳамкасби мо ҳанӯз аз чангатон мечакад, эй ҷанобони наҳзатӣ!

Хуршед АТОВУЛЛО

 

Манбаи иттилоот: ФАРАЖ №52 (578), чоршанбе \27 декабри соли 2017\

ШАРИКОН