ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
19
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз668
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6295
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3330453

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

РМГ дар вилояти Суғд нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукиро дар соли 2017 100% иҷро кард

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар соли 2017 фаъолияти худро мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таизимкунандаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда, дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, назорати самаранок аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, пурзур намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, ба низом даровардани сиёсати кор бо кадрҳо ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳа корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба андозаи 2 миллиарду 767 миллиону 897 ҳазор сомонӣ нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ муайян гардида буд.

 

 

Тибқи маълумотҳои оморӣ, Раёсат дар соли 2017 ба буҷети давлатӣ бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад 2 миллиарду 767 миллиону 963 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукиро ворид намуд, ки ин нисбат ба нақшаи муайяншуда 66 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2017 100 %-ро ташкил дод, ки нисбат ба иҷроиши воқеии соли 2016 ба андозаи 586,7 миллион сомонӣ ё ин ки 26,9 фоиз зиёд мебошад.

Маблағи умумии пардохтҳои гумрукии озодкардашуда дар соли 2017 - 130,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 

 

Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби воҳидҳои сохтории тобеи Раёсат дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда, 3 ҳазору 137 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 ҳолат зиёд мебошад. Аз он, 41 ҳолати ҷиноят ошкор карда шудааст. Дар ин давра 21 парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолати воридоти ғайриқонунии мол ва воситаҳои нақлиёт; 15 парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолати воридоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ; 2 парвандаи ҷиноятӣ оид ба интиқоли ғайриқонунии осорҳои фарҳангӣ; 1 парвандаи ҷинояти оид ба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи "ҳашиш" ; 1 парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолати саркаши намудан аз пардохтҳои гумрукӣ ва 1 парвандаи ҷиноятӣ оиди ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухурдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, ба қайд гирифта шудааст.

 

 

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2 ҳазору 951 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 5 миллиону 192 ҳазору сомонӣ ҷарима ситонида, ба маблағи 6 миллиону 720 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира гардидаанд. Маблағи пардохтҳои гумрукии аз ин ҳисоб руёнидашуда 2 миллиону 702 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН