CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

April 2018
24
Tuesday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday2560
mod_vvisit_counterYesterday2192
mod_vvisit_counterThis week4752
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days3006297

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 

Ҷамъбасти муваффақи соли 2017 дар РМГ вилояти Хатлон

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2017 фаъолияти худро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷорӣ ба роҳ монда, баҳри таъмини амнияти иқтисодии кишвар, назорати қатъӣ нисбати интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва татбиқи фаъолияти гумрукӣ дар минтақа, корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Мувофиқи нақшаи воридшавии пардохтҳои гумрукӣ, ки аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон мебоист дар соли 2017 ба қисми даромади буҷаи Ҷумҳури маблағи 204 409 517 сомонӣ ворид менамуд.

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағи 207 318 930,96 сомонӣ ворид карда шуд, ки ин иҷроиши нақшаи дарназардоштро 101,4 % таъмин намуда, нисбати соли 2016-ум маблағи 29 814 359 сомонӣ ё 16,7 % зиёд мебошад.

Дар ин давра дар воҳидҳои тобеи Раёсат 389 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 4 - адад ҳолати ҷиноят ва 385 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи гумрук мебошад. Нисбати ҳолатҳои ошкоршуда, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуқуқвайронкунандагон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар асоси парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғоз кардашуда, ба маблағи умумии 506 ҳазору 386 сомонӣ, тариқи ҳалномаҳои судӣ 34 ҳазору 354 сомонӣ, инчунин аз ҳисоби парвандаҳои ҷиноятӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки дар умум маблағи ҷаримаҳо 545 ҳазору 740 сомониро дар бар мегирад. Аз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозшуда 339 адад нисбати шахсони вокеӣ 1 адад нисбат ба шахси мансабдор ва 45 адад нисбати шахсони ҳуқуқӣ мебошад.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships