ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
16
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз210
mod_vvisit_counterДирӯз5867
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18042
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90627
mod_vvisit_counterҲамарӯза3525543

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Кормандони РМГ дар шаҳри Турсунзода нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукиро 102,2 % иҷро намуданд

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти хешро дар асоси муқаррароти Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти кишвар, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи мақомоти гумрук дар самти барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкори ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

 

 

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ барои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 598,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Мувофиқи маълумоти воҳидҳои сохтории Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, дар давоми соли 2017-ум ба Буҷаи давлатӣ ба маблағи 611,8 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида маблағи 13,4 млн. сомонӣ зиёд буда, ба 102,2 % -и нақша баробар мебошад.

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Раёсат дар маҷмӯъ ба миқдори 9 321 адад декларатсияи бори гумрукӣ барасмияти гумрукӣ дароварда шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум, ба миқдори 6058 адад зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ барасмиятдарории гумрукӣ дар минтақаи фаъолияти Раёсат бо татбиқи 12 низоми гумрукӣ сурат гирифтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати шахсии Раёсат, дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид, аз ҷумла аз ҷониби кормандони воҳидҳои сохтории Раёсат 124 ҳолати конуншиканӣ дар соҳаи гумрук ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

 

 

Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар давраи ҳисоботӣ дар асоси 7 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 570, 586, 587, 588, 590, 594қ.2 ва 598 ба қайд гирифта шудааст.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсони ҳуқуқвайронкунанда ба маблағи умумии 151 868 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд, ки нисбат ба соли 2016 ба маблағи 37 265 сомонӣ зиёд мебошад.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН