ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  384
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани...
Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

15.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  822
Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ...
Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

13.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  530
Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  399
Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди...
Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

02.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  721
2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди...
Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

01.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  703
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

26.01.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  768
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3527
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3290
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...

Боду ҳаво

Тақвим

Феврал 2018
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4315
mod_vvisit_counterДирӯз5003
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта26576
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2758026

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

4262 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар соли 2017

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Таҳлили фаъолияти Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2017-ум – 4262 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳисоби умумии қонуншиканиҳои ба қайд гирифташуда, 92 ҳолати ҷиноят ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки нисбат ба соли 2016, 31 адад (с.2016-61 парвандаи ҷиноятӣ) зиёд мебошад.

Аз парвандаҳои оғозгардида 7 ҳолат ба қочоқ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, 56 ҳолат ба ҷиноятҳои қочоқи молу воситаҳои нақлиёт мансуб буда, 29 ҳолати дигари ҷиноятҳо ба соҳаи фаъолияти гумрук рабт доранд, ки аз онҳо РМГ дар вилояти Суғд – 41 парванда, РМГ дар шаҳри Душанбе – 16 парванда, РМГ дар вилояти Хатлон - 4 парванда ва РТМҲГ-и Хадамоти гумрук – 31 парванда рост меояд.

 

 

Дар соли 2017 - 4 ҳолати қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори умумии 26 кг 706 гр - 58,3 гр – афюн ва 26 кг 647 гр “ҳашиш” ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон қайд намудан лозим аст, ки дар ин давра 2 ҳолати гардиши ғайриқонунии маводҳои психотропӣ, аз ҷумла 3 кг 905 гр "метамфетамин" ва 75 гр "диазепам" ба қайд гирифта шуд.

Дар давраи соли 2017 - 1 ҳолати гардиши ғайриқонунии прекурсори “кислотаи сулфат” ба миқдори 724 кг ба қайд гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 4170 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз инҳо 4025 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ (3741 шахси воқеӣ, 26 шахси мансабдор ва 258 шахси ҳуқуқӣ) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Аз ин микдор 3999 адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, 2495 адади дигари парвандаҳо аз рӯи тобеъият барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардидаанд.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ ба маблағи 7 853 614 сомонӣ ҷарима ва ба маблағи 16 795 461 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуда, ба маблағи 7 171 031 сомонӣ молҳо мусодира карда шудаанд.

Ҳамзамон қайд намудан лозим аст, ки дар давраи ҳисоботӣ нисбати ғайриқонунӣ ворид намудани молҳои зераксизӣ ҳамагӣ 556 ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор карда шудаанд, ки аз ин ҳолатҳо 12 парвандаи ҷиноятӣ (7 адад парвандаи ҷиноятӣ оид ба воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав, 3 парвандаи ҷиноятӣ оид ба маҳсулоти сӯзишвории “бензин” ба миқдори умумӣ 127 640 литр, 1 парванда оид ба 22 000 қуттича сигарет ва 1 парванда оид ба маҳсулоти спиртӣ - арақ ба миқдори 114 дона) ва 544 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

 

 

Аз ҷумла, маҳсулоти сӯзишворӣ – 305 ҳолат (3 парвандаи ҷиноятӣ ва 302 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) ба миқдори 768 396 литр муайян ва ошкор гардида, бо қарорҳои судӣ ҷарима ба маблағи 1 125 737 сомонӣ, пардоҳтҳои гумрукӣ ба маблағи 407 186 сомонӣ таъин ва рӯёнида шуда, молҳо ба маблағи 1 450 920 сомонӣ мусодира карда шудаанд.

Маҳсулоти заргарӣ - 4 ҳолат (парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ), маҳсулоти заргарии аз металлҳои қимматбаҳои "нуқра" ва “тилло” сохташуда ба миқдори умумӣ 4 кг 085 гр. Тибқи қарорҳои судӣ ҷаримаҳо ба маблағи 20 901 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 1 497 сомонӣ ситонида ва ба маблағи 41 802 сомонӣ молҳо мусодира карда шудааст.

Маҳсулоти спиртӣ - 120 ҳолат (1 парвандаи ҷиноятӣ ва 119 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ), дар ҳаҷми 31 049 дона, ё ин ки ба миқдори 15 525 литр муайян ва ошкор карда шуд. Нисбати ҳолатҳои мазкур бо қарорҳои судӣ ҷарима ба маблағи – 66 746 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 11 850 сомонӣ таъин ва ситонида шуда, молҳо ба маблағи 58 679 сомонӣ мусодира карда шудаанд.

Маҳсулоти тамоку - 54 ҳолат (1 парвандаи ҷиноятӣ ва 53 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ), ба миқдори 65 375 қуттича, ё ин ки ба миқдори 1 307 500 дона ва 3090 кг тамоку муайян ва ошкор карда шуд. Нисбати ҳолатҳои мазкур бо қарорҳои судӣ ҷарима ба маблағи 10 746 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 299 сомонӣ таъин ва ситонида шуда, молҳо ба маблағи 11 231 сомонӣ мусодира карда шудаанд.

Дигар намуди молҳои зераксизӣ - 73 ҳолат (7 парвандаи ҷиноятӣ ва 66 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) нисбати воситаҳои нақлиёти сабукрав, обҳои газнок, нӯшокиҳои шарбатӣ, қасқонҳои резиниро ташкил медиҳанд, ки ҷаримаҳо ба маблағи 107 027 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ – 266 506 сомонӣ таъин ва ситонида шуда, молҳо ба маблағи 104 441 сомонӣ мусодира карда шудааст.

Дар давоми соли 2017 – 15 ҳолати ошкор намудани воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ба миқдори 1747 адад ба қайд гирифта шуда, 2 парвандаи ҷиноятӣ ва 13 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст (РМГ дар вилояти Суғд, РТМҲГ ХГ ва РМГ дар ш.Душанбе).

Тибқи муқаррароти моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (фаҳмондандиҳӣ) якчанд ҳолатҳои дигар оид ба молҳои зераксизӣ ошкор карда шудаанд:

- маснуоти заргарӣ - 637 кг 944 грамм (тилло - 119кг 291 гр, нуқра-360 кг 538гр, бижутерия – 158 кг 115гр);

- 9 641 769 литр маҳсулоти сӯзишворӣ;

- 31 адад воситаи нақлиёт.

 

 

 

Дар маҷмуъ, тибқи талаботи моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони сохторҳои ҳифзиҳуқуқии Хадамоти гумрук молҳои гуногун барасмияти гумруки дароварда шуда, ба маблағи 19 125 130 сомонӣ пардоҳтҳои гумрукӣ ситонида, ба Буҷаи давлат ирсол карда шудааст.

Инчунин, дар давраи соли 2017 воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардуми зерин: ангишт – 2059 тн, семент - 18 тн, нуриҳои минералӣ – 436 тн, маҳсулоти қаннодӣ – 37 тн, шакар – 387 тн, лампаҳои тафсон – 54 782 адад, нахути сабз – 1125 қуттӣ, меваи тар – 139 тн, меваи хушк – 57 тн, равғани растанӣ – 24 тн, тахта – 1107м3, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ – 45 138 дона доруворӣ, 47 200 дона сӯзандору ва 1500 адад таҷҳизоти қатрагузаронӣ, либоса – 72 623 дона, хӯроки парранда – 94 тн, собун – 64 тн, бозичаҳои кӯдакона – 40 550 дона, тухми мурғ – 720 900 дона, орд – 5 тн, матоъ – 12370 метр, техникаи маишӣ – 264 дона ва дигар намуди молҳои ниёзи мардум боздошт карда шудааст.

Нисбати ин ҳолатҳо 2426 парвандаи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ ва 30 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз онҳо ҷаримаҳо ба маблағи 4 209 111 сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 1 610 142 сомонӣ рӯёнида шуда, ба маблағи 4 290 310 сомонӣ молҳо мусодира карда шудааст.

Дар соли 2017 аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар рафти гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ ва назорати гумрукӣ 9 ҳолати дарёфт намудани яроқ, ба монанди: 1 автомат, 5 таппончаи тамғаи “Макаров”, 3 яроқи шикорӣ, норинҷак - 5, тирҳо – 19 ва ғ. ошкор ва мусодира карда шудаанд.

Аз ҷониби кормандони мақомоти гумруки ҷумҳурӣ дар давоми соли 2017 - 17 ҳолати воридоти маводи тарфгарӣ (хлопушка) ба миқдори умумӣ 77 267 дона ба қайд гирифта шудааст. Оид ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва ба мақомоти прокуратура ирсол карда шудааст.

Дар давоми соли 2017 дар самти ҳамкорӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар сатҳи Кумитаи сарони мақомотҳои ҳифзиҳуқуқии Шӯрои сарони мақомотҳои гумрукии Давлатҳои иштирокчиёни ИДМ бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ якчанд амалиётҳои гумрукии махсус гузаронида шудаанд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН