ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Сентябрь 2018
20
Четверг
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня5754
mod_vvisit_counterYesterday6184
mod_vvisit_counterВчера19520
mod_vvisit_counterЭтот месяц92866
mod_vvisit_counterВсе3718504

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Дар партави Паём

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки ҳайати шахсӣ ва сардори шуъбаи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеъаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Бобоҷон Саидов доир ба мавзӯи «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2018 –ум маншаъ мегирад, ҷаласаи васеъи баргузор гардид.


 

Ҷаласаро сардори Раёсат Рауфзода Х.И. ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест барои гулгулшукуфии имрӯзу фардои соҳаҳои мухталифи ҷомеа. Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки ҳайати шахсии Раёсат назоратро ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои додашуда дар ин Паёми раҳнамунсоз, аз ҷумла пешгирӣ ва ошкор намудани воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, ҳамзамон экстремизму террориз ва ифоротгароӣ ва дигар самтҳои дахлдор пурзӯр намуда, ҳамзамон дар ин самт Нақша-чорабиниҳо тартиб ва иҷроиши он таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Маврид ба зикр аст, ки оиди масъалаи мазкур дар Раёсат санаи 22-юми январи соли 2018 низ, бо ҷалби ҳайати шахсӣ маҷлиси машваратӣ гузаронида шуда, ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои додашуда дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.

 

 

Сипас дар назди ҳозирин сардори шуъбаи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеъаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Бобоҷон Саидов баромад намуда, оид ба паҳлуҳои муҳими Паёми мазкур, ки бевосита дар раванди шукуфоии диёр ва рушду такомули иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудааст, суханронӣ намуд.

Дар интиҳо иштирокдорони ҷаласа оид ба нуктаҳои алоҳидаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ибрози назар намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры