ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
20
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3118
mod_vvisit_counterДирӯз5631
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта46189
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3153210

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22-юми декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро нахуст муовини сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ифтитоҳ намуда, дар бобати аҳамияти Паёми Пешвои миллат ва нуктаҳои асосии он доир ба самтҳои асосии пешбурди сиёсати иқтисодӣ ва дастуру супоришҳои додашуда дар ин самт суханронӣ намуд.



 

Дар навбати худ узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир зимни баромади худ дар назди ҳозирин аз ҷумла чунин гуфт:

- Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз ба шумор рафта, дурнамои рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад. Дастур ва вазифагузориҳое, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат нигаронида шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ диққати ҳозиринро ба масъалаҳои дар Паёми навбатии Сарвари давлат ҷалб намуда, иброз дошт, ки иҷрои вазифаҳои дар назди мақомоти гумрук гузошташуда, ба боло рафтани сатҳи иқтисодии мамлакат замина мегузорад.

 

 

Дар рафти ҷаласа, кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук низ ба сухан баромада, вазифаву нақшаҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташударо ҳаматарафа дастгирӣ намуданд. Таъкид гардид, ки таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ барои аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар нафари мо маҳсуб меёбад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН