ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5517
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта19283
mod_vvisit_counterДар ин моҳ92629
mod_vvisit_counterҲамарӯза3718267

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2» нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукиро 100 % иҷро намуданд

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқарраротҳои меъёрию ҳуқуқие, ки самтҳои асосии фаъолияти гумрукро муайян менамоянд ба роҳ монда, дар ташкили назорати гумрукӣ, мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва қочоқ дар соҳаи гумрук, таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ баҳри ғани гардонидани буҷаи давлат, саҳми бевоситаи худро мегузоранд.

 

 

Дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2» дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №180-ф аз 12-уми декабри соли 2009 дар назди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

Аз тарафи кормандони дидбонгоҳи мазкур дар соли 2017 8 ҳолати вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ бо тадбиқи моддаҳои 588 3 адад ва 590-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳар як ҳолати ошкоргардида парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз гардида, қарорҳои дахлдор сари вақт қабул гардида, ҷаримаҳо ба маблиғи 22 ҳазору 200 сомонӣ таъин гардида ва ба пуррагӣ ситонида шудаанд.

 

 

Дар дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2» пайваста машғулиятҳои омодагии тахассуси ва семинар машваратҳои соҳавӣ гузаронида мешаванд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии ҳайати шахсии дидбонгоҳ, аҳамияти хубе хоҳад дошт.

Сардори дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Фаррух Сафаров зимни сӯҳбат ба мо иброз дошт, ки ҳайати шахсии дидбонгоҳ вазифаҳои ҳаётан муҳим ба монанди таъмини амнияти иқтисодии кишвар, дастгирии рушди соҳибкорӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва гардиши ғариқонунии маводи мухаддир, хифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳуриро ба ӯҳда дошта, тамоми малакаи касбӣ ва саъю кӯшиши худро баҳри иҷрои вазифаҳои гузошташуда равона менамоянд.

 

 

- Мо аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷуда истифода мекунем, нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукиро дар моҳи феврал низ таъмин хоҳем кард. Кадрҳои дидбонгоҳ ҳама ҷавонанд ва лаёқатманд мебошанд.

Дар дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳи январи соли 2018 ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағи 10 миллиону 455 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид карда шуд, ки ин 100 % иҷроиши нақшаи пардохтҳои гумрукиро ташкил медиҳад.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН