ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3413
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17179
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90525
mod_vvisit_counterҲамарӯза3716163

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ оиди воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба минтақаи назоратии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, дар назди маҳалаи Чорбоғи шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Volkswagen” рақами қайди давлатииаш 46 46 СА 02 таҳти идораи ронанда шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. А. соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, боздошт карда шуд.

 

 

 

 

Ҳангоми азназаргузаронии бордони автомашинаи мазкур молҳои ниёзи мардум аз қабили либосҳои занона ва мардона бо вазни умумии 2 ҳазору 933 килограмм инчунин маводи истеҳсолоти атриётии HD Liquid coverage, Румян, Brow pomade, Brow EREME, Double, Vivience Sabo, Помада, Loreal Paris, Revlon face, Master fix, Loreal T.K, Кристал, Comouflage, Jolies Levres, Noira, Тональный крем, Подводка, DUO, Glitter, Contour crem kit, Tartelette, Chocolate bar, VIVIENNE Sabo, Карандаш, Morphe ва Carmex беҳуҷҷати воридотии гумрукӣ дарёфт карда гирифта шуд.

Маводи истеҳсолоти атриётии гирифташуда барои ташхис ба Хадамоти нозироти давлатии тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли равон карда шуд. Ташхис нишон дод, ки маводи прафюмерии гирифташуда ба стандарт мутобиқат намекунанд.

Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки маводҳои истеҳсолоти атриётии дар боло зикр гардида ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Р. соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, маводҳои атриётиро ӯ аз соҳибкори Ҷумҳурии Қирғизистон бо номи Темур харидорӣ намуда, тариқи нақлиёти автомобилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ интиқол додааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба шаҳрванд Н. Р. бо дастрасии моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН