ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2085
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта15851
mod_vvisit_counterДар ин моҳ89197
mod_vvisit_counterҲамарӯза3714835

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока мулоқот доир намуд.

Зимни мулоқоти расмӣ, ҷонибҳо бо вазъи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишварӣ бо ҳам дӯст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар атрофи масъалаҳои марбут ба интихоботи Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии гумрук, ки 28-30-юми июни соли 2018 дар шаҳри Брюссел доир мегардад ва дар он номзадии намояндаи Япония низ матраҳ хоҳад шуд, сӯҳбат доир намуданд.

 

 

Маврид ба ёдоварист, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Япония - JICA дар соҳаи бозомӯзии кормандони мақомоти гумрук ва ҳамчунин, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи марбут ба идоракунии самарабахши сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудааст.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон зимни баромади худ иброз дошт, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода бурда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония фароҳам меоварад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҳаҷиме Китаока дар навбати худ изҳор дошт, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш талош хоҳад кард.

 

 

Дар вохӯрии мазкур инчунин, муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ҷураев Даврон Музафарович ва Нозири калони Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ҳайдаров Баракатулло Зикруллоевич ширкат варзиданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН