ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3328
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17094
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90440
mod_vvisit_counterҲамарӯза3716078

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани ду бағоҷи дастӣ бо гулҳо ба минтақаи назорати гумрукии Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба номи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон М. А. аз тарафи кормандони гумруки Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе намунаи гулҳо барои гузаронидани ташхис ба Раёсати фитосанитарии карантинӣ ва тухмии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

 

 

 

Мутобиқи шаҳодатномаи ташхисӣ карантини лабораторияи ҷумҳуриявии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ҳангоми гузаронидани ташхиси лаборатории Энтомологӣ дар намунаи гули бурида организми зараррасони карантини дар ҷумҳурии мо мавҷуднабуда Трипси ғарбии гул, (Franktinilla Occidentalis Perg) ва организми зараррасони ғайри карантини канаи пиёз (Rhisogivphus-echinopus- F.et-R) ошкор карда шуд.

 

 

15-уми феврали соли 2018 дар асоси натиҷаи ташхис аз тарафи кормандони гумрук низоми гумрукии нобудкунӣ қабул карда шуд, ки дар моддаи 243-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст:

-нобудкуни низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ, бе пардохтҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад.

 

 

Моли номбурда дар асоси хулосаи ташхиси лабораторӣ бо иштироки комиссияи муштараки вазорату идораҳои дахлдор тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН