ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Июнь 2018
21
Четверг
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня7713
mod_vvisit_counterYesterday7282
mod_vvisit_counterВчера20622
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3344780

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Хуршед Базаров: Ҷиноятҳои коррупсионӣ ба иқтисодиёти кишвар хавфи азим доранд

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Базаров, Сарнозири Раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев ва муовини Сардори Раёсати таҳлилии хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком ва ҳайати шахсии ин Раёсат бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ, пешгирӣ намудани суиистифода аз вазифаҳои хизматӣ, пешгирии ҳолатҳои даст задании кормандони Раёсати мазкур ба амалҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ бо мақсади тарбияи дурусти ҳайати шахсии Раёсат, дар радифи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва тибқи банди 2 ва 6-и Маҷлиси васеӣ назди Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2018», Нақшаи кори Раёсат барои нимсолаи аввали соли 2018 вохӯрии ҳайати шахсии Раёсатро бо масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуданд.

 

 

Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Базаров дар оғози вохӯрӣ дар мавзӯи хавфи коррупсия маъруза намуд:

- Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста мегардонад ва обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад. Маҳз чунин нишонаҳо боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заифшудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро ҳамеша тақвият бахшад ва муборизаи беамон низ вазифаи аввалиндараҷаи мо аст.

Сипас муовини Сардори Раёсати таҳлилии хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком сухани ифтитоҳиашро чунин оғоз кард: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо истифода аз ваколатҳои қонунии худ ба ин раванд таъсири бештар расонида, пешироҳи қонунвайронкуниро саривақт гиранд ва вазъиятро дар ин самт беҳтар намоянд. Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушдии иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.

 

 

Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.

Чи тавре ки, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо қалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа, бахусус Шумо кормандони гумрук низ бояд ба роҳ монда шавад.

Дар охири ҷаласа кормандони Раёсат ба саволҳои худ аз ҷониби муовини Сардори Раёсати таҳлилии хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры