ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
23
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1648
mod_vvisit_counterДирӯз5453
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1648
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3387419

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарият ва ҳайати шахсӣ аз ҳисоби бонувони мақомоти гумрук иштирок намуданд.

Нахуст муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ҳозиринро ба ифтихори ҷашни фархундаю муборак Рӯзи Модар аз номи роҳбарияти ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук табрику муборакбод намуд.

 

 

Қайд гардид, ки фаъолияти пурсамари бонувони мақомоти гумрук баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва беҳбудии сатҳи некуаҳволии мардум арзанда мебошад.

Нақши зан - модар дар ҷомеа ба манфиати халқу Ватан нигаронида шуда, тамоми имконияту неруи он барои пешрафту тараққиёти иқтисодию иҷтимоии Ватани азизамон ва боз ҳам боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нигаронида шудааст.

 

 

 

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи таҳкими мақом ва таъмини ҳуқуқи конститутсионии занон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад ва ин тадбирҳоро зина ба зина мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи ягонаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ менамояд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан-модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад.

 

 

Занон ва бонувони кишвар аз ин ғамхориҳои Давлату Ҳукумат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар пешбурди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. Умедворем, ки занони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин, дар пешбурди ҳаёти ҷомеа саҳми босазои худро мегузоранд.

Инчунин, дар навбати худ кормандони мақомоти гумрук бо сухани табрикотӣ баромад намуданд ва бо орзуҳои нек ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба онҳо бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН