ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
21
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз7696
mod_vvisit_counterДирӯз7282
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта20605
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3344763

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ошкор гардидани қочоқи 41 100 литр сӯзишвории дизелӣ дар вилояти Суғд

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи автомибилгарди самти Хуҷанд-Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен воситаи нақлиёти тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиаш 45 27 ВС 01, ки таҳти ронандагии шаҳрванд Қ. Ф. қарор дошт, барои муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 41 ҳазору 100 литр сӯзишвории дизелӣ мавҷуд будааст.

 

 

 

Моли мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Ф., соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро аз деҳаи Қулундуи ноҳияи Лейлеки Ҷумҳурии Қирғизистон ғайриқонунӣ тариқи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

Мутобиқи хулосаи ташхис арзиши умумии 41 ҳазору 100 литр сӯзишвории дизелӣ дар маҷмӯъ 236 ҳазору 325 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Қ.Ф. бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Спитамен фиристонида шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН