ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Апрель 2018
24
Вторник
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня1980
mod_vvisit_counterYesterday2192
mod_vvisit_counterВчера4172
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3005717

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Пешгирии зуҳуроти номатлуб

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи баргузории дарсҳои тахассусӣ бо иштироки ҳайати шахсии Раёсат ҳамзамон, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ғафурзода Искандар Муҳибулло ва сарнозири шуъбаи мазкур Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод ҷиҳати омӯзиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 - юми августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Зикиров М.Х. оғоз намуда, қайд намуд, ки мақсади асосии баргузории ҷаласаи мазкур, омӯзиши пурраи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми августи соли 2013, № 1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мебошад. Дар Раёсат оид ба самти мазкур Нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, пайваста мавриди баррасӣ ва иҷроиш қарор дода мешавад.

Сипас дар назди ҳозирин сарнозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, зуҳуроти бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳо аз ҷумла коррупсия рӯ ба рӯ гардидааст. Мақсади асосии Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар байни ҷомеа ва решакан намудани он мебошад.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб қабул гардидаанд. Бинобар ин лозим аст, ки мо ҳамчун хизматчии давлатӣ ҷиҳати пешгирии ин амалҳои номатлуб ҳамаҷониба мубориза бурда, фаъолияти худро самаранок ба роҳ монем.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры