ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Июль 2018
20
Пятница
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня4488
mod_vvisit_counterYesterday5643
mod_vvisit_counterВчера21229
mod_vvisit_counterЭтот месяц81420
mod_vvisit_counterВсе3368251

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур Роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат иштирок намуданд.

Ба рӯзномаи ҷаласаи мазкур, мавзӯҳои зерин дохил карда шуданд:

-истифодабарии Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ) дар мақомоти гумрук;

- тадқиқи вақти иҷозат ва масъалаҳои гуногун.

Сардори Хадамати гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14 моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

 

 

Хадамоти гумрук дар самти рушди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ ҳангоми содирот ва воридоти молу воситаҳои нақлиёт корҳои назаррасро анҷом дода, дар оянда низ, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва самарабахш дар амал татбиқ намудани самти мазкур, фаъолияти худро равона созад.

Тибқи банди 35 Низомнома дар бораи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ ҷаласаҳои Шӯро ба қадри зарурат, на камтар аз як бор дар се моҳ бояд гузаронида шаванд.

 

 

Мутобиқи регламенти рӯзномаи ҷаласа аз рӯи масъалаи якум муовини сардори Маъмурияти СИАЯ Саибов Дилшод дар мавзӯи «Истифодабарии системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ) дар мақомоти гумрук» баромад намуд.

 

 

Намояндаи Ассотсиатсияи брокерон Фирӯза Маҳмудова ба музокира баромада, қайд намуд, ки ҳангоми кор бо СИАЯ-и Хадамоти гумрук ба баъзе мушкилиҳо дучор мешавад. Аз ҷумла, ҳангоми содирот, аз ҷониби мақоми гумруки барасмиятдарор аз молинтиқолдиҳанда тасдиқи воқеияти содир гардидани мол аз сарҳади гумрукӣ талаб карда мешавад. Ҳоло он, ки ин амал бояд тариқи СИАЯ ҳалли худро ёбад. Ҳангоми воридоти муваққатӣ дар рафти ҳисоб намудани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 3% дар СИАЯ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудан мумкин аст ва дар СИАЯ ворид карда нашудани шартҳои интиқоли мол аз рӯи “ИНКОТЕРМС-2010” низ, дар амалия корро мушкил мегардонад.

 

 

Вобаста ба масъалаи дуюм намояндаи Лоиҳаи USAID Парвиз Камолиддинов дар мавзӯи «Тадқиқи вақти иҷозат» дар назди ҳозирин бо истифода аз воситаҳои аёнӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

 

 

Дар рафти ҷамъомад иштирокчиён ба музокира баромада, доир ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ, аз ҷумла дар самти соддагардонии расмиёти гумрукӣ, интиқолу барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, мушкилоти ҷойдошта ҳангоми муайян намудани рамзи моли интиқолдиҳанда, дастгирии рушди соҳибкории ватанӣ ва ҳамкории мақомоти иҷроия бо аҳли тиҷорат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ибрози ақида намуданд.

Намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Содиқов, намояндаи Ассотсиатсияи миллии соҳибкорони хурд ва миёна Матлуба Улҷабаева ва намояндаи Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии занон “Кадбону” Сабоҳат Раҳимзода зимни суханронӣ, ҷиҳати дастгирии субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба роҳбарияти Хадамоти гумрук миннатдорӣ баён намуданд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои зерин манзур шуд: - гузаронидани семинар бо дастгирии роҳбарияти Хадамоти гумрук ба занҳои соҳибкор;

- аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар минтақаҳо дар сурати дар Номгӯи молҳои ҳатман сертификатсияшаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2012, № 310 тасдиқ шудааст, ҷой надоштани мол, аз молинтиқолдиҳанда талаб накардани мактуби Тоҷикстандарт;

- дар сурати мавҷуд будани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, эҷод накардани монеа ба фаъолияти субъектони ФИХ дар рафти барасмиятдарории гумрукӣ;

- дар СИАЯ-и Хадамоти гумрук барои сабук гардонидани кор, ҷойгир намудани нархҳои тавсияшаванда;

Раиси Шӯро-Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, таклифу пешниҳодҳои аз тарафи иштикорчиён манзургардидаро қобили дастгирӣ шуморид. Хуршед Каримзода қайд кард, ки дар ҳақиқат мушкилиҳо вобаста ба фаъолияти корӣ ҷой доранд ва роҳбарияти Хадамоти гумрук барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Дар ҷамъбасти ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ аз рӯи тамоми масъалаҳои баррасигардида бо дарназардошти пешниҳоду дархостҳои иштирокдорон қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Партнёры