ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
19
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз93
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5720
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3329878

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Наврӯзи оламшумул муборак

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Имрӯз 20-уми март дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Иди Наврӯз бо иштироки Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид.

Нахуст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон кулли чамъомадагонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр карданд:

 

 

«Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан, инчунин, барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем. Воқеан ҳам мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврӯзро дар фазои ваҳдати миллӣ дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: Пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад. Дар айёми гулшукуфти наврӯзӣ нияту орзуи хуб кардан суннати неки миллии мо мебошад. Биёед, мову шумо ҳам ният кунем, ки Худованди мутаол сарзамини офтобии Тоҷикистон, халқи азизи мо ва марзу буми Ватанамонро аз офатҳои харобиовар эмин дорад, сулҳу амониву ваҳдати миллии моро ҷовидону пойдор гардонад ва ба хонадони мардуми мо файзу баракат ато фармояд».

 

 

Инчунин, қайд гардид, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшанд.

 

 

Инчунин, дар навбати худ кормандони мақомоти гумрук бо сухани табрикотӣ баромад намуданд ва бо орзуҳои нек ҳозиринро ба муносибати Иди Наврӯз табрик гуфта, иди баҳорро ба кулли сокинони Тоҷикистони азиз муборакбод намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН