ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
19
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз68
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5695
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3329853

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Дар бораи ХГҲҶТ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 557, аз 03.05.2010 № 246, аз 03.10.2012 № 557, аз 02.03.2013 № 108)

 

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9. " Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

 

1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1,2,3).

 

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1108 воҳид (бе қайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ 150 воҳид муқардар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 557, аз 3.05.2010 №246, аз 03.10.2012 №557, аз 02.03.2013 №108).

 

З. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 муовини Сардор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар иҷозат дода шавад.

 

4. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити воситаҳои нақлиёти хизматӣ ба миқдори 6 адад (бе воситаҳои нақлиёти махсус) муқаррар карда шавад.

 

 

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории нигоҳдории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2007 аз ҳисоби маблағҳои барои мақомоти гумруки собиқ Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои дигари тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли дахлдор пешбинӣ шудааст, анҷом дода шавад.

 

6. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд;

- оид ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин қарор бармеояд, таклиф пешниҳод намояд.

 

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 612 ш. Душанбе




 




Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 612

тасдиқ карда шудааст

СОXТОРИ

дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон

(қарор аз 3.05.2010 № 246)

 

Роҳбарият

 

Раёсати ташкилию-бозрасӣ

 

Раёсати ташкили назорати гумрукӣ

 

Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ

 

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ

 

Раёсати кадрҳо, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои махсус

 

Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ

 

Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 557)

 

Раёсати молиявию хоҷагӣ

 

Раёсати таъмини ҳуқуқӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 557)

 

Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 557)

 

Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонишудаи ягона (СИАЯ)

(қарор аз 3.05.2010 № 246)




Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 612

тасдиқ карда шудааст

НАҚШАИ

идоракунии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дастгоҳи марказӣ

 

Лабораторияи гумрукии марказӣ

 

Донишкадаи такмили ихтисос

 

Раёсати муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом

 

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд

 

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон

 

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе

 

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода

 

Гумрукҳо

 

Дидбонгоҳҳои гумрукӣ

 

Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура"

 

Намояндагиҳо дар давлатҳои хориҷӣ

 

Редаксияи маҳаллаи "Гумрук"

 

Корхонаи воҳиди давлатии "Матбаа"

 

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази Равзанаи ягона" (қарор аз 3.12.2010 № 630).

ШАРИКОН