ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
20
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5655
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта11282
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3335440

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ошкор ва мусодираи «героин-диасетилморфин» дар Гумруки Панҷи-Поён

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар майдончаи азназаргузаронии воситаҳои нақлиёти Гумруки Панҷи-Поён ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиаш ТҶ 81 32 АР 01, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ҷ. Ф. соли таваллудаш 1992 қарор дошт, аз дохили воситаи нақлиёти мазкур, дар як ҷомадон маводи рангаш зардчатоби ба маводи мухаддир монанд, ошкор ва мусодира карда шуд.

 

 

Зимни пурсиш ва таҳқиқ маълум гардид, ки номбурда санаи 18 марти соли 2018 бо воситаи нақлиёти мазкур, маҳсулоти сохтмонии «Семент»-ро ба гузаргоҳи «Шерхон-Бандар»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода, санаи 20 марти соли 2018, бо ҳамроҳии рафиқаш З. Т., ки ӯ низ ронандаи воситаи нақлиёти боркаш будааст, тибқи дархости соҳибкор ба воситаи нақлиёт шакар бор карда, мехостанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Худи ҳамон рӯз, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи Шамс, аз онҳо хоҳиш менамояд, ки як адад ҷомадони дастиро, ки дар дохили он матоъҳои гуногун ҷойгир мебошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баранд.

 

 

Баъд аз боздошт гардидани воситаи нақлиёт ва мусодира гардидани маводҳои мухаддир, шахсони ба нашъаҷалобӣ гумонбар фавран мавриди ҷустуҷӯ қарор дода шуда, санаи 21 марти соли 2018 ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон С. А. ва Б. А. Х., дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук боздошт гардиданд. Мутобиқи маълумотномаи ташхиси лабораторӣ маводи дарёфтгардида воситаи нашъадори навъи «героин-диасетилморфин» буда, вазни холиси он 1 кг 941,9 гр-ро ташкил медиҳад.

 

 

 

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати шахсони номбурда бо дастрасии банди д) қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН