ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
23
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2856
mod_vvisit_counterДирӯз7393
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта50615
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3744133

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ҷамъомад доир ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо дар Хадамоти гумрук

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Хуршед Шерализода ва кормандони Дастгоҳи марказии мақомоти гумрук тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли ҷорӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13-уми марти соли 2018 баён доштанд, омӯзиши матни суханронии Пешвои миллат гузаронида шуд.

 

 

Муовини Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Шерализода зимни баромади худ иброз дошт, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ пешгирии он ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти гумрук ба шумор меравад. Кормандони мақомоти гумрук дар баробари дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, таҷассумгари сиёсат ва симои давлат мебошанд. Марҳалаи кунунии рушди кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, инчунин, вазъи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки мо кормандони мақомоти гумрук баҳри иҷрои вазифаҳои хизматии худ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Шаҳрвандони кишвар аз рӯи рафтору кирдор, маҳорат ва сатҳи касбият, донишу маърифат, поквиҷдонӣ, маданияти муошират ва муносибати мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба уҳдадориҳои мансабӣ, инчунин, садоқат ба давлату миллат ба сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ баҳо медиҳанд.

Дар навбати худ дар назди ҳозирин сарнозири Раёсати тишкилию бозрасӣ Холов Ҷамшед оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13-уми марти соли 2018 баён доштанд, баромад намуд.

 

 

Қайд гардид, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ аз иҷрои пурраи буҷети давлатӣ вобастагӣ дорад. Мусоидат намудан ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ кардани пинҳонкунии андоз, қочоқи молу маҳсулот, таъмин намудани истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо дар соҳаҳои молия, андоз ва гумрук аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки назорати доимии прокурориро тақозо менамоянд. Қайд гардид, ки бо фармоиши Хадамоти гумрук аз 30-уми марти соли 2018, №58-ф Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ба тасвиб расонида шуда, дар доираи он як қатор корҳо мавриди иҷроиш қарор дода шуда истодааст.

 

 

Дар ҷамъбасти ҷамъомад таъкид гардид, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13-уми марти соли 2018 баён гардидаанд, дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи муқадаси ҳар як корманди гумрук низ, ба шумо меравад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН