ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Апрел 2018
24
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1967
mod_vvisit_counterДирӯз2192
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4159
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3005704

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Тадбирҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура аз 13-уми марти соли 2018 баён доштанд, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар ин ҷамъомад роҳбарияти Раёсати мазкур ва прокурори калони Шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи шаҳри Душанбе Фарух Анварзода иштирок намуданд.

 

Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, полковники хадамоти гумрук Хуршед Базаров ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони мақомоти прокуратура фарогири масъалаҳои гуногуни соҳаҳои мухталифи кишвар буда, барномаи амалии фаъолияти тамоми сохтору идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, аз ҷумла, мақомоти гумрук мебошад.

Муовини якуми Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, подполковники хадамоти гумрук Хуршед Рауфзода, дар навбати худ иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ зимни мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ қайд намуданд, ки - «Мусоидат намудан ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ кардани пинҳонкунии андоз, қочоқи молу маҳсулот, таъмин намудани истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо дар соҳаҳои молия, андоз ва гумрук аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки назорати доимии прокурориро тақозо менамоянд».

Ба зиммаи мақомоти гумрук танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гузошта шудааст, ки аз кори он инкишофи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, густариши соҳибкорӣ, аз ҷумла, тиҷорати хурд ва миёна вобастагии қавӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки баҳри бартараф намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва пешгирии дигар ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, кормандони мақомоти гумрук пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар баробари таъмини амнияти иқтисодии кишвар Хадамоти гумрук ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қабл аз ҳама, ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии мамлакат ва назорат аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ нигаронида шудааст,- иброз дошт Х.Рауфзода.

Дар идомаи чорабинӣ, иштирокдорон дар робита ба суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура аз 13-уми марти соли 2018 ироа гардид, фикру андешаҳои худро баён намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН