ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
Ulti Clocks content

Маълумоти криминалӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

15.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  307
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати...
Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

14.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  320
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Кочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб мусодира карданд

13.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  270
Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

23.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  56
Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба...
Об асоси зиндагист

17.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1593
13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди...
Рӯзи байналмилалии занон муборак!

07.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1699
Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2186
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

19.07.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3872
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

25.01.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  6113
Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Боду ҳаво

Тақвим

Июн 2017
24
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4538
mod_vvisit_counterДирӯз6709
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта39139
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100001
mod_vvisit_counterҲамарӯза1358473
Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Қоидаҳои
гузаронидани озмун барои қабул намудан ба
хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби ташкил ва шароитҳои гузаронидани озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

2. Озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – озмун) бо мақсади таъмини баробарҳуқукии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба мансабҳои холӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

3. Озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли кушода барои шаҳрвандоне, ки ба талаботҳои тахассусӣ мувофиқат мекунанд, гузаронида мешавад.

 

4. Шаҳрвандоне, ки ба талаботҳои қисми 1 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Точикистон ва Қоидаҳои мазкур мувофиқат мекунанд, ҳуқуқ доранд довталаби мансабҳои холӣ бошанд ва дар озмун иштирок намоянд.

5. Монеъ шудан ба иштироки шаҳрвандон дар озмун, аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрук ва дигар шахсоне, ки барои гузаронидани озмун масъул мебошанд, манъ аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст.

6. Принсипҳои асосии гузаронидани озмун инҳо мебошанд:

- холисона ва беғаразона гузаронидани озмун ва баҳогузории номзадҳо;

- таъмини ҳукуқҳои баробари номзадҳо ҳангоми гузаронидани озмун;

- риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани озмун.

2. Тартиб ва шартҳои гузаронидани озмун

7. Озмун аз марҳалаҳои зерин иборат мебошад:

- таъсис додани комиссияи озмунии мақомоти гумрук; - тайёр ва нашри эълон доир ба гузаронидани озмун тавассути нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин дар сомонаи (Веб-сайт) мақомоти гумрук;

- қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои номзадҳо;

- тартиб додани рӯйхати умумии номзадҳое, ки ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намудаанд;

- баррасии ҳуҷҷатҳои номзадҳо оид ба мувофиқати талаботҳои тахассусӣ ва тартиб додани рӯйхати номзадҳое, ки ба сӯҳбат роҳ дода шудаанд;

- гузаронидани сӯҳбатҳо бо номзадҳо, баҳогузорӣ ва ҷамъбаст намудани натиҷаҳои озмун;

- баррасии такрории ҳуҷҷатҳои номзадҳо барои муайян намудани мувофиқати онҳо ба талаботҳои тахассусӣ ва гузаронидани сӯҳбатҳои такрорӣ бо номзадҳо (минбаъд – озмуни такрорӣ) дар ҳолатҳое, ки бо Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудааст;

- амалигардонии қарорҳои комиссияи озмун.

8. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда набояд дертар аз 5 рӯзи корӣ баъди қабули ҳуҷҷатҳо баррасӣ карда шуда, сӯҳбат бо номзадҳо набояд дертар аз 15 рӯзи корӣ баъди баррасии ҳуҷҷатҳо гузаронида шавад.

9. Барои ташкил ва гузаронидани озмун бо фармоиши Роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ комиссияи озмун таъсис дода мешавад, ки аз раис, котиб ва аъзоёни комиссия иборат мебошад. Комиссия доимамалкунанда буда, шахсият ва миқдори аъзоёни комиссия аз тарафи Роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.

10. Омода намудани эълон дар бораи гузаронидани озмун, нашри эълон дар рӯзномаҳо, ҷойгир намудан дар гӯшаҳо ва Веб-сайти мақомоти гумрук аз тарафи хадамоти кадрии мақомоти гумрук ба амал бароварда мешавад.

11. Эълон дар бораи гузаронидани озмун аз маълумоти зерин иборат аст:

- номи вазифаи холӣ бо нишон додани ҳаҷми музди меҳнат;

- талаботҳои асосӣ ба номзадҳое, ки дар асоси талаботҳои тахассусӣ муайян карда шудаанд;

- мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо (на камтар аз 14 рӯзи корӣ аз муддати нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун);

- нишон додани ҷой, суроға, маълумоти сомонаи (Веб-сайт), суроғаи почтаи электронӣ, рақамҳои телефон ва факси мақомоти гумрук (бо мақсади ба даст овардани маълумоти иловагӣ);

- дигар маълумотҳои иловагие, ки ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мухолифат намекунанд;

12. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши дар озмун иштирок намуданро изҳор намуданд ва ба талаботҳои қисми 1 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумхурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, ба воҳиди кадрии мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

- ариза ба номи Роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ;

- тарҷумаи ҳол;

- пурсишнома (анкета);

- сурати 3х4 (2-дона) ва 9х12 (2-дона);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надошта бошад);

- нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;

- тавсифнома аз ҷои кори охирин (омӯзиш);

- тавсияҳо, тақризҳои ташкилотҳо ва шахсони холис;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

13. Номзадҳо метавонанд дигар маълумотҳои иловагиро оид ба таҷрибаи корӣ ва савияи касбии худ пешниҳод намоянд(нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба унвони илмӣ ва рутбаҳо, такмили ихтисос, рӯйхати асарҳои илмӣ ва ғайраҳо).

14. Ариза ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи номзадҳо бояд дар мӯҳлати барои қабули ҳуҷҷатҳо муқарраркардашуда, пешниҳод карда шаванд.

15. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озмун роҳ дода намешаванд, агар:

- ба талаботҳои қисми 1 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумхурии Тоҷикистон мувофиқат накунанд;

- саривақт ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардаанд;

- аз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки бо банди 12 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудааст, даст кашанд;

- ба хадамоти кадрии мақомоти гумрук маълумотҳои носаҳеҳ пешниҳод намоянд;

- дар дигар ҳолатҳое, ки бо қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқукии Ҷумҳурии Точикистое пешбинӣ шудааст.

16. Хадамоти кадрӣ рӯйхати умумии номзадҳоро тартиб дода, бо ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба Роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрук пешниҳод мекунад. Роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ рӯйхати умумӣ, аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои номзадҳоро барои баррасӣ ба комиссия ирсол мекунад.

17. Комиссияи озмунӣ на дертар аз 15 рӯзи корӣ баъди ба охир расидани қабули ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳлил карда, мувофиқат кардани номзадҳоро ба талаботҳои тахассусии вазифаҳои холӣ муайян мекунад ва оид ба роҳ додан ва надодан ба сӯҳбат қарор қабул мекунад.

18. Дар асоси қарори комиссияи озмунӣ хадамоти кадрӣ рӯйхати кӯтоҳи номзадҳои ба сӯҳбат тавсияшударо тартиб медиҳад. Номзадҳое, ки ба сӯҳбат иҷозат гирифта натавонистанд, на дертар аз 5 рӯзи корӣ баъди қабули қарор хабардор карда мешаванд.

19. Сӯҳбат бо номзадҳо саривақт ва дар ҷое, ки бо муқаррароти комиссияи озмунӣ муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. Номзадҳо на дертар аз 3 рӯзи корӣ то гузаронидани сӯҳбат, оид ба сана, вақт ва ҷои гузаронидани сӯҳбат, хабардор карда мешаванд.

20. Сӯҳбат бо ҳар як номзад алоҳида гузаронида мешавад. Дар рафти сӯҳбат сатҳи дониш, ихтисос, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлати ва забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияҳои иттилоотии замонавӣ муайян карда мешавад.

21. Барои муайян намудани сатҳи дониш ва сифатҳои касбии номзад метавонанд дигар усулҳои санҷиш истифода бурда мешавад (навиштани маърӯзаҳо, имтиҳонҳои тестӣ ва ғайраҳо). Дар ин ҳолатҳо усули санҷиши алоҳида ё гурӯҳӣ истифода бурда мешавад.

22. Дар ҳолати ҳозир нашудани номзад ба сӯҳбат, вай озмунро нагузашта ҳисобида мешавад. 23. Маҷлиси ҷамъбастии комиссияи озмунӣ баъд аз ба итмом расидани сӯҳбат бо номзадҳо гузаронида мешавад, ки баъди он ба номзад (номзадҳо) барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода ё надода мешавад.

24. Маҷлиси комиссия озмунӣ дар он ҳолат салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар кори комиссия на камтар аз се ду ҳиссаи аъзоёни комиссия озмун иштирок кунанд.

25. Қарори комиссия дар ғайби номзад ба воситаи овоздиҳии кушода қабул карда мешавад. Номзад озмунро гузашта ҳисобида мешавад, агар баҳои ҷамъбастии гирифтаи вай барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук кифоя буда, аъзоёни зиёди ҳайати комиссия озмунӣ барои вай овоз дода бошанд. Дар ҳолати овоздиҳии баробар, овози раиси комиссияи озмунӣ ҳалкунанда ҳисобида мешавад.

26. Комиссияи озмунӣ аз натиҷаи озмун қарорҳои зерин қабул мекунад:

- озмунро гузашт ва барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад;

- озмунро нагузашт.

27. Рафти сӯҳбат бо номзадҳо ва қабули қарори комиссияи озмунӣ дар шакли протоколӣ ба расмият дароварда мешавад ва раис, аъзоён ва котиби комиссияи озмунӣ имзогузорӣ мекунанд.

28. Қарори комиссияи озмунӣ барои ба амал баровардан ба Роҳбари ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ пешниҳод карда мешавад ва асос барои таъин намудан ба вазифаи холӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

29. Агар дар озмун номзадҳо барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук муайян карда нашаванд, мувофиқи талаботҳои Қоидаҳои мазкур такроран озмун эълон карда мешавад.

30. Номзаде, ки аз озмун нагузаштааст, дар давоми як сол ҳуқуқи такроран дар озмун барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук иштирок карданро надорад.

31. Номзад на дертар аз 5 рӯзи корӣ баъди ҷамъбаст намудани озмун, аз натиҷаи озмун ба таври хаттӣ хабардор карда мешавад.

32. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи номзадҳое, ки ба сӯҳбат роҳ дода нашудаанд ё аз озмун нагузаштаанд, дар асоси хаттӣ муроҷиат намудан ва додани забонхат, баргардонида мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо ба мӯҳлати 3 сол баъд аз ҷамъбасти озмун, метавонанд дар хадамоти кадрии мақомоти гумрук нигоҳ дошта шаванд.

33. Мутобиқ ба муқаррароти моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки онҳоро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба таҳсил фиристодааст ё барои онҳое, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомигардонидашуда гузаштаанд, бе гузаштани озмун ба хизмат дар мақомоти гумрук қабул карда мешаванд ва ба онҳо мӯхлати санҷиш муқаррар карда намешавад.

3. Хулосаҳои хотимавӣ

34. Ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи комиссия озмунӣ тартиб дода шудаанд, мӯҳри «Барои истифодабарии хизматӣ» доранд. Номзад бо ҳуҷҷатҳои комиссияи озмунӣ фақат қисме, ки ба ӯ тааллуқ дорад, ҳуқуқи шинос шуданро дорад.

35. Номзад тибқи тартиби муқарргардидаи қонунгузорӣ, эътироз намудани қарори комиссияи озмуниро ҳуқуқ дорад.

36. Хароҷотҳои вобаста ба иштироки номзад дар озмун (сафар ба ҷое, ки озмун гузаронида мешавад ва баргаштан, кирояи истиқоматгоҳ, истифодабарии хизматрасонии алоқа ва ғайра) аз ҳисоби номзад пардохт карда мешавад.

ШАРИКОН