ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  174
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  662
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  427
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  779
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  750
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  851
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  760
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3222
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3845
mod_vvisit_counterДирӯз5028
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8873
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1753688

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

ФАРМОИШ – РАСПОРЯЖЕНИЕ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

№_72-ф
«06» апрели соли 2007.

 

ФАРМОИШ – РАСПОРЯЖЕНИЕ

«Оид ба тасдиқи Низомнома дар
бораи «Талаботи тахассусӣ нисбати
кормандони мақомоти гумрук»

Бо мақсади ташкил намудани корҳо доир ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи банди 10 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;-

1. Низомномаи замимагардида дар бораи «Талаботи тахассусӣ нисбати кормандони мақомоти гумрук», тасдиқ карда шавад.

2. Фармоиши мазкур ба маълумоти ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шавад.

3. Назорати иҷроиши фармоиши мазкурро ба зиммаи худ мегузорам.

Замима ба фармоиши Сардори Хадамоти
гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
№ 72-ф аз «06» апрели соли 2007

 

Н И З О М Н О М А

дар бораи талаботи тахассусӣ нисбати
кормандони мақомоти гумрук

Низомномаи мазкур мутобиқи банди 10 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумхурии Тоҷикистон талаботи тахассусиро барои ҳайати хурд, миёна ва калони роҳбарикунандаи Хадамоти гумрук муқаррар менамояд.

1.Ба шахсоне, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳоро ишғол намудаанд, талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешаванд:

 

а) Барои сардорони (муовинони сардорон) раёсатҳо ва шӯъбаҳои мустақили Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ – мавҷудияти маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол.

б) Барои сардорони (муовинони сардорон) шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии Хадамот ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ – мавҷудияти маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол.

в) Барои сардорони (муовинони сардорон) гумрукҳо, дидбонгоҳҳои гумрукӣ – мавҷудияти маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол.

г) Барои сардорони зершӯъба ва бахшҳо – мавҷудияти маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 2 сол.

д) Барои сарнозирон – мавҷудияти маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 2 сол.

е) Барои нозирони калон – мавҷудияти маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 1 сол.

ж) Барои нозирон – мавҷудияти маълумоти олӣ ё таҳсилоти миёнаи касбӣ.

з) Барои нозирони хурд – мавҷудияти маълумоти таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ.

2.Бо мақсади таъмин намудани мақомоти гумрук бо мутахассисони техникӣ дар вазифаҳое, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори гумрук муайян менамояд, кормандоне қабул карда мешаванд,ки дорои маълумоти олӣ ё миёнаи касбии махсус бошанд.

3.Талаботи тахассусӣ нисбати кормандоне, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомигардонидашуда ба мақомоти гумрук мегузаранд, унвони илмӣ, рутбаи ҳарбӣ ё махсус, маълумоти зарурӣ ва собиқаи кории онҳо ба назар гирифта мешаванд.

 

 

ШАРИКОН