ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
20
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5653
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта11280
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100001
mod_vvisit_counterҲамарӯза3335437

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук бо Роҳбари Намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

19 апрели соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон Роҳбари Намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар шаҳри Душанбе ҷаноби Ҳидеки Танаберо ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили васеи ҳамкориҳои соҳавӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҷеъ ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷониба байни Хадамоти гумрук ва Намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти ҳамкориҳо дар чорчӯбаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2030, дар самтҳои афзалиятнок ва барномаҳои ҳамкорӣ, мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар вохӯрии мазкур, инчунин, мушовир оид ба таҳияи лоиҳаҳо хонум Наоко Мишикава, ҳамоҳангсоз Маҳмадов Шокирҷон ва кормандони масъули мақомоти гумрук иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон аз замони ташаккулёбӣ аз соли 1992 то ин ҷониб, дар ҳолати рушди пойдор қарор доранд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро созишномаҳои зиёди байниҳукуматӣ ташкил дода, ҷиҳати таҳкими ҳамкории гуногунҷанба аз моҳи августи соли 2006 Намояндагии Агентии JICA дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Санаи 1 октябри соли 2008, Бонки Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ якҷо гардида, дар натиҷа JICA аз нав таъсис дода шуд ва он яке аз калонтарин ташкилотҳои дуҷониба оид ба рушд дар ҷаҳон гардид, ки дар маҷмӯъ 100 адад намояндагиҳо дар мамлакатҳои хориҷ ва лоиҳаҳои гуногун дар 150 давлати дунё дорад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН