ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз746
mod_vvisit_counterДирӯз5418
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта22905
mod_vvisit_counterДар ин моҳ83096
mod_vvisit_counterҲамарӯза3369927

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ҷалласаи 33-юми Гурӯҳи кории махсус оид ба ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 24-25 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 33-юми ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд-СҲШ) баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, намояндагони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Чин, Россия, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки мақомоти гумрук бояд ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ мусоидати фаъол дошта бошанд.

 

 

Дар ҷаласаи навбатии 33-юми Гурӯҳи кории махсус оид ба ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе як қатор масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

- соҳаи назорати барасмиятдарории гумрукӣ;

- муқаррарот оид ба вазъи тасдиқи лоиҳаи махсуси Гурӯҳи кории оид ба ҳамкории гумрукии давлатҳои аъзои Созмон;

- омода намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳо барои имзо дар вохӯрии нахустини роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмон;

- табодули иттилоот байни мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмон;

- ҷараёни татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни хадамотҳои гумруки давлатҳои аъзои Созмон доир ба ҳамкорӣ дар бахши ҳифзи моликияти зеҳнӣ;

- таъсиси низоми ягонаи транзитӣ дар фазои СҲШ ва дурнамои тақвияти ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмон;

 

 

 

 

 

Санаи 15 июни соли 2001, СҲШ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфта, ба он Тоҷикистон, Чин, Россия, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд. Афғонистон, Белоруссия, Эрон ва Муғулистон ба он ҳамчун мақоми мушоҳидавӣ ҳамроҳанд.

 

 

Фаъолияти СҲШ натанҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи Созмон, Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни давлатҳои аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН